Намояндаи Тоҷикистон узви Маркази ягонаи илмӣ-омӯзишии Россия оид ба тайёр намудани номинатсияҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ интихоб гардид

Декабрь 6, 2019 17:05

ДУШАНБЕ, 06.12.2019/ АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Конгресси байналмилалӣ зери унвони «Мероси умумиҷаҳонии давлатҳои ИДМ: фарҳанги моддӣ ҳамчун манбаи тараққиёт, тақвияти ҳамкорӣ ва гуфтушунид» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳангӣ ва осори табиии ба номи Д.Лихачев доир гардид.

Дар Конгресси мазкур намояндагон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Федератсияи Россия ва Дафтари ЮНЕСКО дар Россия ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар конгресс сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев намояндагӣ намуд.

Мақсад аз баргузории Конгресс-ин баррасии масъалаи таъсиси Маркази ягонаи илмӣ-омӯзишии Федератсияи Россия бо ҷалби мутахассисони касбӣ аз давлатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати тайёр намудани номинатсияҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатгузории ёдгориҳои мероси манқул ва ғайриманқули таърихию фарҳангӣ ва табиӣ ба рӯйхати ЮНЕСКО буд.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни Конгресси мазкур ҷаласаи интихобӣ гузаронида шуда, аъзои Шӯрои таҳлилгарони ёдгориҳои мероси манқул ва ғайриманқули таърихию фарҳангӣ ва табиии ИДМ интихоб гардиданд.

Аз миёни иштироккунандагони узви ИДМ намояндаи Тоҷикистон- сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Шералӣ Хоҷаев узви ин Шӯро интихоб гардид.

Ба андешаи иштирокдорон, дар Тоҷикистон 3413 адад ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз аслият ва қадимияти миллати куҳанбунёди тоҷик шаҳодат медиҳанд.

Ҳамчунин дар идомаи кори Конгресс мизи мудаввар оид ба «Ҳамкории байналмилалӣ бо давлатҳои ИДМ дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва табиӣ» баргузор гардид.

Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Шералӣ Хоҷаев доир ба масъалаи зикргардида ҷиҳати ҳифзу нигоҳдошт ва оммавигардонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин ҷиҳати таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 пешбинӣ гардидаанд ва шуҳрати давлатамонро дар ҷаҳон афзун менамояд, маърӯза пешниҳод намуд.

ДАР АКС: Саразм

Тарғибу ташвиқ, эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии сокинони мамлакат, махсусан ҷавонон ва наврасон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии фаъолияти мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг ба шумор меравад.

Декабрь 6, 2019 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст