Осорхонаи таърихии Суғд аз аҳолӣ 44 адад ашёи нодир харидорӣ намуд

Декабрь 10, 2019 10:25

ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи таърихии Суғд аз аҳолӣ  44 ёдгории нодирро, ки ба аҳди қадим, асрҳои миёна ва замони муосир тааллуқ доранд, харидорӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Акнун осорхона бо китобҳои дастнавис, кӯзаҳои гилин, либосҳои миллӣ, асбобу анҷом барои ошхона, ашёи рӯзгор, ҷавоҳирот ва дигар нигораҳо пурра гардидааст.

«Пистонаки кӯдаконаи  нуқрагини занҷирадор, ки аз ҷониби заргарон  махсус барои оилаи ашрофзодаҳо сохта шудааст ва ҳамчунин  обдон аз ҷумлаи ёдгориҳои аз ҳама арзишманди ин осорхона маҳсуб мешаванд. Тибқи маълумот, мисли ин як пистонаки заррини дигар, ки  бо  санги фирӯза оро ёфтааст, дар  Эрмитажи Санкт-Петербург маҳфуз буда, ба асри 19 мансуб мебошад», -гуфт директори генералии маҷмааи фарҳангӣ ва таърихии «Қалъаи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Ба тамошои Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» тӯли 11 моҳи соли равон 54 ҳазор нафар ташриф овардаанд, ки беш аз 5 ҳазорашон шаҳрвандони хориҷианд. Соли гузашта аз маҷмааи мазкур 64 ҳазор нафар дидан карда буданд.

Бояд зикр кард, ки имрӯз дар Осорхонаи «Қалъаи Хуҷанд» 13 468 ёдгории фарҳангӣ ва таърихӣ мавҷуданд, ки ба нигоҳубини онҳо 80 нафар машғул мебошанд.

Ба гуфтаи Иброҳим Иброҳимов, аз соли 2018 дар маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахши рушди сайёҳӣ амал мекунад, ки он ба ҷалби гардишгарон мусоидат мекунад.

Декабрь 10, 2019 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд