«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ» — Форуми ҷумҳуриявии волонтёрон дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 05.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» Форуми ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар форуми мазкур волонтёрони фаъол аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода иброз намуд, ки «волонтёрӣ мактаби бузурги далериву шуҷоат буда, инсон дар он донишу малакаи худро сайқал медиҳад ва саҳми худро дар пешрафти ҷомеа мегузорад. Ҳоло дар ҷомеа мафҳуми волонтёрӣ ва муҳим будани хизмати онҳо хуб дарк гардидааст. Ҳамарӯза шумораи волонтёрон аз ҳисоби ҷавонон зиёд мегардад. Онҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки дар ин рӯҳия тарбия ёфта, вақту дониш ва имконияти худро ба фоидаи ҷомеа сарф намоянд».
Ба зикри муовини озоди Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Маҳинбону Шарифӣ, фаъолияти волонтёрӣ ҳоло дар тамоми самтҳо васеъ истифода мешавад. Волонтёр ҳамон нафаре шуда метавонад, ки дорои қалби меҳрубон бошад, идея ва ташаббусҳои нав дошта, манфиатҳои давлату ҳукуматро аз манфиатҳои худ боло донад.
«Волонтёрон шахсоне мебошанд, ки дар вақтҳои холии худ ройгон ба фоидаи ҷомеа кор карда, подош талаб намекунанд. Онҳо ба одамон кумак расонида, барои пешрафти ҷомеа хизмат менамоянд. То имрӯз волонтёрон дар баргузории як зумра барномаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ- фароғатӣ, варзишӣ ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ саҳми худро гузоштаанд»,-гуфт Маҳинбону Шарифӣ.
Ба ибрози номбурда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» соли 2013 қабул гардид. Аз 5 марти соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян карда шуд. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти фаъолияти волонтёрӣ имкониятҳои зиёд фароҳам шуда, дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш «Клуби волонтёрон» ташкил карда шудааст.
Донишҷӯи курси чоруми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Неъматулло Қурбонов мегӯяд, ки фаъолияти волонтёрӣ ҷабҳаҳои васеъ дошта, метавонад дар замири ҷавонон ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ ва пеш аз ҳама, худшиносиро бедор кунад. Маҳз фаъолияти волонтёрӣ метавонад ҷавононро аз бекорӣ боз дорад.
«Ман чанд сол аст, ки ба ин гуна фаъолият пардохтаам ва аз ин мактаб барои худ бисёр чизҳо омӯхтам. Фаъолияти волонтёрӣ буд, ки имрӯз ман бо ҷавонони се вилояти ҷумҳурӣ дӯстӣ дорам ва дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоям»- гуфт Неъматулло Қурбонов.
«Имрӯз ман ифтихор аз он дорам, ки дар ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» волонтёр ҳастам. Зеро танҳо ба воситаи ин фаъолият ман дастгирӣ ёфта, аз минтақаи Рашт ба шаҳри Душанбе омада, дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсили илм мекунам. Метавонам гӯям, ки ман худро тавассути ин фаъолият дар ҷомеа шинохтам ва мавқеи худро дар он пайдо намудам», — мегӯяд волонтёр Руҳангез Пирмаҳмадова.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабр ҳамасола дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз аз тарафи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 1985 пешниҳод шуда, аз ҳамон сол инҷониб он ҳамчун иди расмӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кардааст. Аз ин рӯ имрӯз дар тамоми самтҳо фаъолияти волонтёрӣ васеъ истифода мешавад.
«Волонтёр» калимаи франсавӣ буда, маънои мададгори ихтиёриро дорад. Волонтёр шахсе мебошад, ки ба манфиати Ватан ва мардуми худ ройгон, бидуни миннат ниҳодан кумак мерасонад ва барои хизмати кардааш подош талаб намекунад. Волонтёрҳо мехоҳанд ба одамон кумак расонида, ҷомеаи худро орому осуда нигоҳ доранд. Фаъолияти волонтёрӣ маҳз барои кумак расонидан ба қишри ниёзманди ҷомеа равона гардидааст.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»










5 ДЕКАБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. Бахшида ба ин рӯз дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
Дар мавзуи «Эъломияи Куруши Кабир – аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон» конфронс доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф дар Филиппин иштирок намуд
«ЗАН ВА ЗАМОН: 26 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир шуд
Конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат бахшида шуд
Соҳибкорзанони Тоҷикистон лоиҳаҳои худро дар намоишгоҳи «WomenCup–2025» муаррифӣ намуданд
Масъалаи таҳкими ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Кабк дар Тоҷикистон «Парандаи соли – 2026» интихоб гардид
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти ҳар як истеъмолкунанда аст»!
Доир ба афзалияти татбиқи манфиатҳои муҳими Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Хатлон қариб 2 тонна маводи тиббӣ ва дорувории муҳлати истифодааш гузашта нобуд карда шуд
Оид ба нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд






