Паёми Пешвои миллат барои рушди фаъолияти соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби онҳо ба ободии Ватан заминаи мусоид фароҳам меорад

Декабрь 28, 2019 14:32

ДУШАНБЕ, 28.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми ҳамватанони дар Федератсияи Россия будаамон сарҷамъона  тамошо карданд.  Дар ин бора хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарг БОҚӢ  иттилоъ медиҳад. 

Бино ба иттилои номбурда, ҳамватанони бурунмарзӣ дар минтақаҳои Новосибирск, Новокузнетск, Омск, Бирабиҷон, Благовешенск, Хабаровск, Чита ва  Сахалини Федератсияи Россия  Паёми навбатиро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз ватану соҳибистиқлолӣ тамошо намуда, онро сармашқи кори худ қарор додаанд.

Тавре  ҳамватанонамон баъд аз тамошои  Паём дар  суҳбат бо хабарнигор иброз доштанд,  Паёми навбатӣ дар мавриди дастгирии соҳибкорон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, барои рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби онҳо ба ободии Ватан заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Инчунин ба андешаи онҳо,  дастгирии шахсони маъюб ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон нақши муҳим дошта,  роҳнамои хубест барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас.

«Ба аҳолии мамлакат туҳфа намудани китоби “Тоҷикон”-и  Бобоҷон Ғафуров барои аз таърихи халқу Ватани худ бештар огаҳӣ пайдо кардан дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо манфиати хуб дорад.  Ин  пешниҳоди Пешвои миллат бори дигар аз ҳувияти баланду  ба имрӯзу ояндаи давлату  миллат таваҷҷуҳи хосса доштанашон дарак медиҳад»,-изҳор намуданд Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Зардӣ Шамсиддин ва мутахассиси намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Шералӣ Нуриддин.

Ҳамчунин раиси Ҷамъияти тоҷикон бо номи “Дӯстии халқҳои русу тоҷик” Шавкатҷон Тоҳиров зимни андешаронӣ  аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, иброз дошт, ки «созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароӣ ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.

Ба андешаи номбурда, онҳо вазифадоранд   ҷавононеро, ки аз падару модари худ дур дар Федератсияи Россия кор мекунанд,  ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят карда, дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Декабрь 28, 2019 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст