Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои Бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон санги асос гузоштанд

Декабрь 21, 2019 12:56

ДУШАНБЕ, 21.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия санги асос гузоштанд.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист маълумот дода шуд, ки бинои сохташаванда 2-ошёна буда, масоҳати умумии он 9 садяк заминро дар бар мегирад ва масоҳати зери сохтмон 118 метри мураббаъ аст.

Дар ошёнаи якум ва дуюми он утоқҳои кории кормандон ва толори маҷлисӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иншоот дорои 6 ҳуҷра ва шароити хуби корӣ хоҳад буд. Ҳамаи утоқҳои кормандон бо компютер ва мизу курсӣ муҷаҳҳазонида мешаванд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои бунёди бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон санги асос гузошта, бо сохтмончиён суҳбат намуданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нав ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна, 11 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Тибқи нақша дар ошёнаи якуми бино Корхонаи Воҳиди Давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва дар ошёнаи дуюм Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон ҷойгир хоҳанд шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи биноҳои сохташаванда ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохмтонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Иншооти мазкур то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд мегарданд ва дар рафти корҳои бунёдӣ, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби кор ва маош мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бунёди 180 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 110 адади он ба истифода дода шудааст.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон 21.12.2019

Декабрь 21, 2019 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд