Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олӣ ироа менамоянд
ДУШАНБЕ, 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабр дар ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум Паёми навбатии худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин хусус Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.
Гуфта мешавад, ки ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, 26 декабри соли 2019, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.









Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ






