Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Қасри яхии «Humo Arena» ва иншооти он, инчунин аз боғи «Наврӯз», «Tashkent City», планетарий ва Осорхонаи мадам Тюссо дидан кард
ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо биноҳо ва иншооти нав дар пойтахти Ӯзбекистон шинос шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Рустами Эмомалӣ аз Қасри яхии «Humo Arena» ва иншооти он, инчунин аз боғи «Наврӯз», бинои нави Шӯъбаи милисаи ноҳияи Юнусобод, «Tashkent City», планетарий ва Осорхонаи мадам Тюссо дидан кард.
Рӯзи дуюми сафари расмии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз шиносоӣ бо маҷмааи гармхонаи ҶДММ «Манзарали богдорчилик ва гулчилик» дар ноҳияи Учтепа оғоз ёфт.
Зикр гардид, ки соли 2018, пас аз омӯзиши таҷрибаи Туркия, Голландия ва Италия маҷмааи мазкур бо ҷалби 4 миллион доллари америкоӣ навсозӣ карда шуд. Имсол 15 миллион ниҳол парвариш карда шуда, соли оянда ин теъдод ба 25 миллион расонида мешавад. Гулҳои ин маҷмаа ба давлатҳои Осиёи Марказӣ содир карда мешаванд, масалан, зиёда аз 500 ҳазор гулҳои маҷмааи мазкур пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо оро медиҳанд. Меҳмонон изҳори хоҳиш карданд, ки ҳамкорӣ минбаъд низ идома дода шавад.
Ҳамчун рамзи дӯстии самимӣ ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фикус бонсайи японӣ, ки дар Ӯзбекистон парвариш карда мешавад, тақдим карданд.
Меҳмонон ҳамчунин аз варзишгоҳи «Миллий»-и Тошканд, воқеъ дар хиёбони Бунёдкор дар ноҳияи Чилонзор дидан карданд, ки дорои 50 бахш буда, барои 34 ҳазор тамошобин пешбинӣ шудааст. Аъзои ҳайат бо шароити мусоиде, ки барои футболбозон ва тамошобинон фароҳам оварда шудаанд, шинос гардиданд. Ба меҳмонон махсусан нигораҳои осорхонаи «Таърихи футбол» ва мулоқот бо довари маъруфи ӯзбек Равшан Ирматов писанд омад. Зимни боздид аз осорхона Рустами Эмомалӣ инчунин бо аксҳои футболбози тоҷик — собиқадори дастаи «Пахтакор» ва собиқ узви дастаи миллии футболи ИҶШС Нуриддин Амриев шинос шуд.
Рустами Эмомалӣ ба рушди минбаъдаи футбол дар минтақаамон ва ташкили бозиҳои байни дастаҳои футболи давлатҳои Осиёи Марказӣ изҳори умедворӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи апрели соли 2019 Рустами Эмомалӣ президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мебошад. Зимни суҳбати самимӣ ва ошкоро ба Рустами Эмомалӣ пироҳани рақами 7 ва ду корт — зард ва сурх – бо соядасти Равшан Ирматов тақдим карда шуданд.
Ҳайати пойтахти Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нимаи дуюми имрӯз ба шаҳри Самарқанд парвоз кард.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






