Раиси шаҳри Душанбе ва Ҳокими шаҳри Тошканд бобати идомаи ҳамкорӣ дар самти гулпарварӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 05.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзи дуюми сафари Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд, 4 декабр аз шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи гармхонаи гулу ниҳолҳои назди Ҳокимияти шаҳр — ҶДММ «Гулу дарахтони ороишӣ», воқеъ дар ноҳияи Учтеппаи ин шаҳр оғоз гардид. Дар ҷараёни боздид Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев бобати идомаи ҳамкорӣ дар самти гулпарварӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода, ки шомили ин ҳайат буд, ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тавре манбаъ зикр кард, зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин корхонаи гулпарварӣ ба Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 пас аз омӯзиши таҷрибаи Туркия, Голландия ва Италия маҷмааи мазкур бо ҷалби 4 миллион доллари америкоӣ навсозӣ карда шудааст.
Ин корхонаи гулпарварӣ пурра бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, ба таври электронӣ ба воситаи компютер идора карда мешавад. Имсол дар корхонаи мазкур 17 миллион дона ниҳол парвариш карда шуда, соли оянда ин теъдод ба 25 миллион дона расонида мешавад. Гулҳои ин маҷмаа ба давлатҳои Осиёи Марказӣ содир карда мешаванд.








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






