Раиси шаҳри Душанбе ва Ҳокими шаҳри Тошканд бобати идомаи ҳамкорӣ дар самти гулпарварӣ ба мувофиқа расиданд

Декабрь 5, 2019 15:29

ДУШАНБЕ, 05.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  рӯзи дуюми сафари Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  дар шаҳри Тошканд, 4 декабр   аз шиносоӣ  бо фаъолияти Маҷмааи гармхонаи гулу ниҳолҳои назди Ҳокимияти шаҳр — ҶДММ «Гулу дарахтони ороишӣ», воқеъ дар  ноҳияи Учтеппаи ин шаҳр  оғоз гардид. Дар ҷараёни боздид   Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ва Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев бобати идомаи ҳамкорӣ дар самти гулпарварӣ  ба мувофиқа расиданд.

     Дар ин бора сардори Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид  Ҳакимзода, ки шомили ин  ҳайат буд, ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тавре манбаъ зикр кард, зимни шиносоӣ бо фаъолияти  ин  корхонаи гулпарварӣ  ба Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки   соли 2018  пас аз омӯзиши таҷрибаи Туркия, Голландия ва Италия маҷмааи мазкур бо ҷалби 4 миллион доллари америкоӣ навсозӣ карда шудааст.

Ин корхонаи гулпарварӣ  пурра бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, ба таври электронӣ ба воситаи компютер идора карда мешавад. Имсол дар корхонаи мазкур 17 миллион дона ниҳол парвариш карда шуда, соли оянда ин теъдод ба 25 миллион дона  расонида мешавад. Гулҳои ин маҷмаа ба давлатҳои Осиёи Марказӣ содир карда мешаванд.

Декабрь 5, 2019 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд