РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОН… Дар Сангвор масъалаи баланд бардоштани сатҳи хизматрасониро ба сайёҳон муҳокима намуданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш роҳбарияти Кумита, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ва масъулини сохторҳои марбутаи соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, ҳунармандон ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат варзида, роҳҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳонро муҳокима намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва будубоши сайёҳони хориҷӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид, ки ҳавасмандии аҳолиро барои бунёди иншооти нав зиёд намуд.
Таъкид гардид, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷуда мақомоти маҳаллӣ бояд фаъолияти самараноки марказҳои хизматрасонии сайёҳиро мавриди таваҷҷуҳ хосса қарор дода, маводи таблиғотиву иттилоотӣ бо забонҳои гуногуни хориҷӣ таҳия ва таълиф карда шуда, фитта ва руқъаҳои ҷолиби сайёҳӣ бештар таблиғу ташвиқ карда шаванд.
Барои таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири сарироҳии беҳдоштию санитарӣ ва маишию техникӣ, аломатҳо ва нишонаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муҳим мебошад.
Бояд зикр намуд, ки ноҳияи Сангвор дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, ки дар ноҳия умр ба сар мебаранд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экосайёҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, моҳигирӣ ва шикор мувофиқ мебошад.
Ҳамчунин табиат ва иқлими ноҳия барои занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва сайёҳию кӯҳнавардӣ хеле мувофиқ мебошад. Ноҳия дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад.
Дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳунармандон дар намоишгоҳҳи сайёҳию ҳунармандӣ ва барномаҳои гуногун иштироки фаъолона доранд.












«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






