Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бунёди филиали ширкати «Артел»-ро дар Душанбе баррасӣ намуд

Декабрь 5, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 05.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар доираи сафари расмӣ ба  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  аз як қатор корхонаҳои шаҳри Тошканд дидан намуд. Аз ҷумла, дар рӯзи аввали сафар, 3 декабр Рустами Эмомалӣ  аз силсилакорхонаҳои истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроникаи «Артел» боздид ба амал овард. Дар ҷараёни боздид мавзӯи бунёди филиали ширкати «Артел» дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Дар ин бора сардори Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид  Ҳакимзода, ки шомили ин  ҳайат буд, ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои  А. Ҳакимзода, Раиси шаҳри Душанбе   Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти ин коргоҳи саноатӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи «Артел» соли 2011 таъсис ёфта, асосан барои хоҷагии халқи ин кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзгор истеҳсол менамояд. Шумораи кормандони  корхонаро то имрӯз беш аз 7400 нафар коргарони муҳандисӣ-техникӣ  ташкил медиҳанд. Масоҳати умумии корхона 600 ҳазор метри мураббаъро  дар бар гирифта, он аз 9 коргоҳи дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияткунанда иборат мебошад. Номгӯи маҳсулоти корхонаи мазкур 500 ададро  ташкил дода,  иқтидори истеҳсоли солонаи он зиёда аз 5 миллион дона техникаи маишӣ ва 10 миллион дона лампаҳои каммасрафи барқӣ  мебошад. Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи «Артел» ба бозори дохилӣ, инчунин ба ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Беларус ва дигар давлатҳои дуру наздик  содир мегардад.

Декабрь 5, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд