Сафари Рустами Эмомалӣ ба Ӯзбекистон: муносибатҳои Душанбе ва Тошканд ба сатҳи сифатан нав баромаданд
ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоте, ки дар ҳукумати шаҳри Тошканд бо иштироки ҳайати расмии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ баргузор шуд, ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳокимияти шаҳри Тошканд.
Ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев равобити чандинасраи дӯстона ва ҳамсоягии мардуми тоҷику ӯзбек, фарҳанг, урфу одат, анъанаҳои муштарак ва дини ягонаро, ки аҳолии ду мамлакатро ба ҳам мепайвандад, таъкид намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷонибаи Душанбе ва Тошканд изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Рустами Эмомалӣ барои пазироии самимӣ ва фазои дӯстона изҳори сипос намуда, зикр кард, ки ҷониби Тоҷикистон ба тағйирот ва навсозиҳо дар Тошканд таваҷҷуҳи зиёд дорад ва тасмим гирифтааст бо фаъолияти соҳаи сохтмони ин шаҳр шинос шавад. Раиси шаҳри Душанбе ёдовар шуд, ки соли оянда ташкили Рӯзҳои Тошканд дар Душанбе ва дар доираи онҳо баргузор кардани форуми ҷавонон дар назар аст.
Инчунин зимни мулоқот Созишнома оид ба татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд барои солҳои 2020-2021 ба имзо расид.









Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






