Сергей Шойгу: Россия нақша дорад, ки баъди ду сол С-300-ро ба Тоҷикистон интиқол диҳад

Декабрь 25, 2019 13:21

ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Россия пас аз ду сол, баъди тайёр намудани мутахассисон метавонад системаи мушакии зиддиҳавоии С-300-ро ба мақомоти мудофиавии Тоҷикистон супорад. Дар ин бора вазири мудофиа,  генерали артиш Сергей Шойгу дирӯз, 24 декабр дар ҷаласаи мушовараи ҷамъбастии идораи ҳарбӣ бо иштироки Президенти Россия Владимир Путин изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС.

Тибқи  гуфтаҳои вазир, инфрасохтори низомӣ ва иҷтимоии пойгоҳҳои низомии Россия дар хориҷи кишвар муваффақона рушд карда истодаанд. Имсол дар машқгоҳи  ҳарбии пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон дивизиони мушакии зиддиҳавоии С-300ПС бо ҳайати идоракунандаи Россия ба навбатдории ҳарбии таҷрибавӣ оғоз намуд.

«Низоми мазкур метавонад пас аз ду сол, баъди омӯхтани мутахассисон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон интиқол дода шавад», — гуфт вазир. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки соли 2019 Чин, Ҳиндустон, Миср, Алҷазоир ва Ветнам дар  соҳаи ҳамкории низомӣ шарикони асосии Россия буданд. Муддати як сол таҳкими робитаҳо бо СПАД, ИДМ ва кишварҳои СҲШ идома ёфт.

С-300 системаи мушакҳои зиддиҳавоиест, ки метавонад ҳавопаймои муосир ва ояндадор, ҳамчунин онҳоеро, ки бо истифодаи технологияи «стелс»,  мушакҳои миёнапарвози баллистикӣ, мушакҳои зудамал ва мушакҳои тактикӣ, мушакҳои болдор амал мекунанд,  инчунин ҳавопаймоҳои радиолокатсионӣ ва нишонгирӣ, системаҳои иктишофӣ ва зарбазаниро нобуд созад.

 

Декабрь 25, 2019 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид