«Шӯриши Восеъ». Кумитаи рушди сайёҳӣ хатсайри нав ташкил намуд

Декабрь 5, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 05.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ таҳти унвони «Шӯриши Восеъ» хатсайри нави сайёҳӣ ташкил карда шуд.

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки «дар партави дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чораандешиҳои пайваста ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ва инфрасохтори сайёҳии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосир, бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба мавзеъҳои сайёҳии мамлакат хатсайрҳои сайёҳии нав таъсис ёфтанд. Хатсайри сайёҳии «Шӯриши Восеъ» натиҷаи ҳамкории зичи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Осорхонаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дар ноҳияи Ховалинг буда, ба рушди сайёҳӣ дар ин минтақа равона шудааст».

Хатсайри сайёҳии «Шӯриши Восеъ» 2 шабу 3 рӯзро дар бар гирифта, шаҳрвандон метавонанд ҳам гурӯҳӣ ва ҳам фардӣ саёҳат намоянд.

Тибқи хатсайр сайёҳон аз Душанбе тавассути ноҳияи Данғара аз мавзеъҳои қалъаи «Мири Балҷувон», бошишгоҳи одамони асри санг дар деҳаи Кулдара, маъбади Буддои деҳаи  Чепол (Чепи вол), «Чил чанор», «Чашмаи Қазон», мақбараи «Хоҷа Аюби Ансорӣ», осорхонаи марказии ноҳияи Ховалинг, осорхона ва зодгоҳи Восеи қаҳрамон дар деҳаи Дараи Мухтор, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ дидан менамоянд.

«Омода ва роҳандозии хатсайри «Шӯриши Восеъ» барои шиносоӣ бо ҳаёт ва зиндагии мардуми ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром аз миллат ва фарҳангу тамаддуни он, шиносоӣ аз дастовардҳои замони истиқлолият дар ин ноҳияҳо, инчунин боз ҳам устувор гардидани ваҳдати миллӣ, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба диёри зебоманзари Ховалингу Балҷувон мусоидат хоҳад намуд», — тазаккур доданд дар Кумитаи сайёҳӣ.

Декабрь 5, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид