Шамсиддин Орумбекзода дар рӯзи аввали Конфронси вазирони фарҳанги мамлакатҳои ИСЕСКО сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 18.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 17 декабр дар шаҳри Туниси Ҷумҳурии Тунис 11-умин Конфронси вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) оғоз гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ширкат дорад.
Тавре аз корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Убайдуллозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар рӯзи аввали баргузори конфронс Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ иброз дошт, ки «97 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли исломанд. Давлати мо бо Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО), Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) ва дар маҷмӯъ бо ҳама созмонҳо ва иттиҳодияҳои динӣ ҳамкории зич дошта, пайваста мекӯшад, то муносибатҳоро дар доираи ҳамкории судманд бо ин созмонҳо ҳарчи бештар таҳким ва густариш бахшад».
Ҳадафи асосии конфронси мазкур таъмини ҳамбастагӣ ба ислом ва ба шакли мувофиқу муосир даровардани он мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар конфронс Раиси Созмони ҳамкории исломӣ Юсуф бин Аҳмад Ал Ҳусайнӣ, директори генералии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим Муҳаммад Ал-Малик, Вазири умури фарҳанги Ҷумҳурии Тунис Муҳаммад Зайн Ал Абидин ва дигар намояндагони кишварҳо иштирок доранд.
Шамсиддин Орумбекзода ҳамчунин доир ба арзишҳои исломӣ иброз андеша намуда, гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил ва демократӣ буда, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар он пурра ба роҳ монда шудааст. Мутобиқ ба Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон озодии виҷдон волоият дошта, ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад муносибати худро ба дин мустақилона муайян созад, алоҳида ва ё дар якҷоягӣ бо дигарон динеро пайрав бошад ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ ширкат варзад».
Маҳз ҳамкории густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин созмони бонуфуз буд, ки пойтахти мамлакати мо — шаҳри Душанбе «Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО дар соли 2010» эълон гардид. Имсол дар 11-умин Конфронси вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) «Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО шаҳри Тунис» эълон гардид.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ таъкид намуда буданд, «зуҳуроти фалокатбори терроризму экстремизм ба дини мубини Ислом ҳеҷ умумият надорад. Пешвоёни ин зуҳурот ва ҳаракатҳо бо истифода аз номи дини Ислом ғаразҳои ҷангҷӯёнаи худро амалӣ карда, номи мубораки ин динро доғдор менамоянд, ҳол он ки дини Ислом сарчашмаи арзишҳои бузурги маънавӣ, аз қабили некиву саховатмандӣ, инсондӯстиву адолатпарварӣ ва илмомӯзиву таҳаммулгароӣ мебошад».
Ёдовар мешавем, ки 11-умин Конфронси вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) то 19 декабр идома меёбад.
Акс аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид






