Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Директори дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Криста Пиккат баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари минтақавии СММ ҳузур доштанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо пешбурди номинатсияҳои нави долонҳои Роҳи Абрешим, масоили рушди устувори фарҳанг, ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ тавассути маорифу таълим ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ перомуни ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани номгӯйи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, омодагиҳо ба чорабинии ҷашнии 5500-солагии шаҳраки қадимии Саразм ва дигар мавзӯъҳо мубодилаи афкор намуданд.








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






