Сокинони Хатлон Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олӣ бо рӯҳбаландӣ қабул намуданд

Декабрь 26, 2019 15:23

ДУШАНБЕ, 26.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ мустақиман пахш гардид. Дар вилояти Хатлон ин яке аз рӯйдодҳои асосии соли сипаришаванда буд, ки дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар»  Зулайхои  Ғоиб хабар медиҳад, дар ҳама ташкилоту муассисаҳо, ҳамчунин муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақа, аз ҷумла дар Бохтар мардум тавонистанд суханронии Пешвои миллатро мустақиман  тамошо кунанд.

Бояд  зикр намуд, ки шумораи одамоне, ки хоҳиши шунидани Паёми  Президенти моро доранд, ҳамасола меафзояд.

Бо мақсади васеътар омӯхтани суханронии Сарвари давлат ҷойҳои серодам, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо бо мониторҳои калони махсус муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Тибқи гуфтаи сардухтури Маркази эндокринологии вилояти Хатлон Зокирҷон Холов, Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон хеле муҳим аст. «Тамоми кормандони маркази мо суханронии Президенти мамлакатро бодиққат гӯш  намуданд. Сарвари давлат на танҳо дастовардҳо ва  камбудиҳоро номбар карданд, балки вазифаҳоеро, ки бояд соли оянда ҳалли худро пайдо намоянд,  низ баён намуданд. Бисёр масъалаҳои муҳим бардошта шуданд — аз ҷумла рушди тиб, маориф, илм, иқтисод ва тарбияи насли оянда. Мо акнун дар назди худ мақсад дорем»,- гуфт  Зокирҷон Холов.

Зимни суҳбат муаллимаи ҷуғрофия ва асосҳои иқтисодии муассисаи таҳсилоти миёнаи Бохтар Қурбоной  Юсупова зикр  намуд, ки Паёми Президенти давлат ба Парлумони мамлакат  барои ҷумҳурӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. «Ман чунин меандешам, ҳама шаҳрвандоне, ки ба рушди Тоҷикистон ва ояндаи давлати мо ҳавасманданд ва дар дил меҳри ватан  доранд, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд. Барои ман ҳамчун тарбиятгар як чиз аҳамияти муҳим дорад, Паёми Президентро ба Парлумон на танҳо бузургсолон, балки насли ҷавон низ  бо ҳисси ватандӯстӣ қабул намуданд»,- фикрашро шарҳ дод мусоҳиби мо.

«Барои ман чун тоҷир огоҳ шудан аз комёбиҳо ва иқдомҳои  минбаъда дар рушди иқтисодии Тоҷикистон хеле ҷолиб буд. Ҳамчунин дахл намудани Сарвари давлат  ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ки ба андешаи ман, барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст, муҳим мебошад», — гуфт Дилшод Ҳасанов, тоҷир ва директори ширкати дорусозии Хатлон дар мусоҳиба бо хабарнигори  АМИТ «Ховар».

Бояд зикр намуд, ки мардум Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ бо хушнудӣ қабул намуданд.

 

Декабрь 26, 2019 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд