Соли 2019 шумораи сафарҳои сайёҳӣ аз Россия ба Тоҷикистон 13 фоиз зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 11.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 теъдоди сафарҳои сайёҳӣ аз Россия ба Тоҷикистон 13 фоиз зиёд гардид. Дар ин бора сомонаи сайёҳии «ТурСтат», ки раддабандии кишварҳоро аз рӯи маъруфият дар байни сайёҳони россиягӣ соли равон пешниҳод намудааст, хабар медиҳад.
«Теъдоди сафарҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон аз Россия 13 фоиз афзуда, дар нуҳ моҳи соли 2019 тақрибан ба 92 ҳазор расид. Тоҷикистон аз рӯи сафарҳои сайёҳӣ дар Россия ҷойи 42-юмро ишғол менамояд», — иттилоъ медиҳад манбаъ.
Туркия, Финляндия ва Қазоқистон дар ин рӯйхат ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд.
Туркия бо 5 миллиону 675 ҳазор сафари сайёҳӣ, Абхазистон (3 миллиону 855 ҳазор), Финляндия (2 миллиону 695 ҳазор), Қазоқистон (2 миллиону 471 ҳазор), Украина (1 миллиону 857 ҳазор), Чин (1 миллиону 712 ҳазор), Эстония (1 миллиону 348 ҳазор), Италия (1 миллиону 12 ҳазор), Гурҷистон (990 ҳазор) ва Германия (977 ҳазор) дар даҳгонаи беҳтарин кишварҳое қарор доранд, ки сайёҳони Россия аз рӯи натиҷаҳои нӯҳ моҳи соли 2019 мақбул донистаанд, ҷой гирифтаанд.
«Шумораи умумии сафарҳои сайёҳӣ аз Росия ба хориҷа соли 2019 7 фоиз афзуда, ба 35 миллиону 200 ҳазор расидааст», — омадааст дар сомона.
Раддабандии сафарҳои сайёҳӣ аз Россия ба хориҷа аз рӯи натиҷаҳои таҳлили оморӣ дар 9 моҳи аввали сол тартиб дода шудааст.








Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд






