Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
ДУШАНБЕ, 30.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат сарони ду давлат дар фазои дӯстона якдигарро бо фарорасии Соли нав самимона табрик ва ба мардуми бародари тоҷику ӯзбек бурдборӣ, сулҳ ва шукуфоӣ орзу намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев суръати баланди рушди босамари муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо назардошти манфиатҳои бунёдии ду халқи наздик ва тамоми минтақа бо қаноатмандӣ зикр намуданд.
Президенти Тоҷикистон ба минбаъд идомаи мантиқӣ ёфтани муносибатҳои ду кишвар дар ин маҷро изҳори итминон карда, аз омодагии ҷониби Тоҷикистон барои фаъолияти муштарак дар ин самт таъкид намуданд.
Ҷонибҳо инчунин як қатор масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






