ТАСС: Дивизиони С-300ПС-и Россия ба навбатдории ҳарбӣ-таҷрибавӣ дар Тоҷикистон шурӯъ намуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дивизиони мушакии зидди ҳавопаймои С-300ПС дар ҳавзаи таълимии пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Россия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бори аввал ба навбатдории ҳарбӣ-таҷрибавӣ шурӯъ намуд. Дар ин бора генерал-полковник, фармондеҳи Округи марказии ҳарбии Россия Александр Лапин рӯзи чоршанбе, 18 декабр, ба хабарнигорон иттилоъ дод, менависад ТАСС.
«Боз як рӯйдоди муҳим дар масъалаи тақвияти ҳамкории байналмилалии ҳарбӣ- ин декабри соли равон ба навбатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштани мушаки зидди ҳавопаймои С-300ПС буд. Вазифаи асосии он муҳофизати иншооти пойгоҳи низомии 201-и Россия аз ҳамлаҳои кайҳонӣ ва инчунин мудофиаи ҳамаҷонибаи ҳавоӣ ва амнияти дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад»,- хабар дод Лапин.
26 октябр бори аввал маҷмӯи зиддимушакии С-300ПС ба пойгоҳи ҳарбии 201-и Россия ворид гардид. Ба ҳайати дивизион тақрибан 30 адад таҷҳизот, аз ҷумла нуқтаҳои фармондеҳӣ, мушакҳо, радиолокаторҳо, системаҳои нишонгирӣ ва инчунин мошинҳои таъминкунанда дохил шуданд.
Системаи дифои зиддимушакии ЗРС С-300ПС барои муҳофизати иншооти муҳими низомӣ, гурӯҳҳои қӯшунҳо, марказҳои маъмурӣ ва саноатӣ аз ҳамлаи ҳама намудҳои ҳавопаймоҳо ва чархболҳо, мушакҳои ҳавоӣ, дигар воситаҳои ҳамлаи аэродинамикӣ ва мушакҳои аэробалистикӣ ва баллистикии таъйиноти амалиёти фаврӣ-тактикӣ пешбинӣ шудааст.
Пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, бузургтарин иншооти низомии Россия берун аз қаламрави он мебошад. Он дар ду шаҳр — Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад. Тибқи қарордоде, ки моҳи октябри соли 2012 ба имзо расидааст, ин қисми низомӣ дар Тоҷикистон то соли 2042 боқӣ хоҳад монд.








Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд






