Тибқи баҳогузории «The Economist» Ӯзбекистон мамлакати сол эълон гардид

Декабрь 20, 2019 15:02

ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи бритониёии «The Economist» Ӯзбекистонро  мамлакати  сол номидааст.  Нашрия таъкид намудааст, ки Ӯзбекистонро ҳанӯз барои рушд роҳи тӯлониеро  тай намудан зарур меояд, аммо соли 2019 ҳеҷ давлат ин қадар пеш нарафтааст,-хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «The Economist».

Ҳамасола  моҳи декабр маҷалла унвони  «мамлакати сол»-ро ба давлате  медиҳад, ки тӯли сол  пешрафт  нишон додааст. Соли гузашта Арманистон ғолиби он дониста  шуда буд.

Дар мақола омадааст, ки танҳо се сол пеш, Ӯзбекистон як кишвари қадимии пасошӯравӣ буда, ҷомеаи пӯшида дошт.

Бо ба сари қудрат омадани  Шавкат Мирзиёев тағйироти куллӣ ба амал омад ва пешравиҳо зиёд шуданд. Соли 2018 сардори Хадамоти амният аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Мирзиёев ислоҳотро оғоз кард, ки ба туфайли он то андозае  меҳнати маҷбурӣ  қатъ  гардид. Ба рӯзноманигорони хориҷӣ иҷозати вуруд ба кишвар дода шуд  ва халал расонидани мансабдорон   ба тиҷорати хурд манъ  гардид.

Нашрия хотиррасон  шудааст, ки  дар Ӯзбекистон   пеш аз соли нав интихоботи парламентӣ  баргузор  мешавад.

«The Economist» инчунин муваффақиятҳои Македонияи Шимолӣ ва Судонро зикр намудааст.  Аз ҷумла, дар маҷалла омадааст, ки кишвари  аввал номашро моҳи феврали соли равон  иваз  намуд ва ба ин восита  муносибаташ  бо ҳамсояи наздиктаринаш —  Юнон беҳбудӣ  ёфт. Ғайр аз ин, Македонияи Шимолӣ дар  садади узвият ба НАТО қарор дорад.

Декабрь 20, 2019 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид