Тоҷикистон ва Қатар тақвияти ҳамкориро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм баррасӣ карданд

Декабрь 3, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдулло вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз натиҷаи  ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ин равобит аз муносибати дӯстонаи Сарварони ҳарду давлат – Тоҷикистону Қатар маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки саҳми Давлати Қатар дар мубориза бар зидди терроризм назаррас мебошад. Аз ҷумла, Давлати Қатар барои пойдории сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ саъю талош дорад, ки шоистаи таҳсин мебошад.

Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдулло  зикр кард, ки «мардуми Тоҷикистону  Қатар дӯсту бародар мебошанд ва  мо мекӯшем дар оянда  ҳамкориро  бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ  густариш диҳем».

Ҷонибҳо дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлатро   дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар  бахшҳо  мавриди баррасӣ  қарор дода, доир ба тавсеаи боз ҳам бештари ин муносибот  изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7 майи соли 2007 саҳифаи нав кушод ва ба рушди босуръати минбаъда замина гузошт. Далели ин гуфтаҳо сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон августи соли 2007 — аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуданд.

Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва нахустин сафари расмии Падарамир Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ соли 2007 ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи «Диёри Душанбе» ва калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад (ҳаҷми умумии сармояҳои қатарӣ беш аз 300 млн. доллар аст).

Декабрь 3, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд