Тоҷикистон — Ӯзбекистон: ҳамкории хадамоти иҷро

Декабрь 4, 2019 11:02

ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари ҳайати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори он Илёс Идрисзода ба Тошканд 3-юми декабри соли равон дар сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА» хабар медиҳад.

Ҳадафи сафари мазкур барқарор намудани муносибатҳои зичи дуҷониба миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин баррасии самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди ҳамкорӣ мебошад.

«Халқҳои тоҷику ӯзбек дорои таърих, арзишҳо ва анъанаҳои ҳамсон мебошанд. Ба шарофати талошҳои муштараки сарони ду давлат дар солҳои охир робитаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайраҳо босуръат рушд мекунанд. Бояд гуфт, ки бо дарназардошти вазъи кунунии ҳамкорӣ ба роҳ мондани муколама байни идораҳои гуногун барои манфиати ҳарду давлат аҳамияти хосса дорад», — менависад «УзА».

Дар доираи боздиди навбатии ҳайати Тоҷикистон аз Прокуратураи генералӣ, Академияи Прокуратураи генералӣ ва Дафтари иҷрои ҷазои ҳатмӣ як зумра вохӯриҳо, семинарҳо, презентатсияҳо ва суҳбатҳову мубоҳисаҳои кории мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баргузор шуданд.

«Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан як сол пеш таъсис ёфт. Мо тасмим дорем, ки бо мақсади боз ҳам такмил додани фаъолияти он таҷрибаи Ӯзбекистонро омӯзем. Кӯшишҳои мо барои ноил шудан ба самаранокии иҷрои санадҳои судӣ ва қарорҳои дигар мақомот равона карда шудаанд», — иқтибос меорад «УзА» гуфтаҳои И.Идрисзодаро.

Дар Прокуратураи генералӣ миёни намояндагони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Дафтари иҷрои ҳатмӣ музокирот сурат гирифт. Зимни он Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки барои ҳамкории минбаъдаи дуҷониба заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Ёддошти тафоҳум мубодилаи таҷриба ва иттилоот, ташкили чорабиниҳои муштарак, инчунин баргузории машваратҳои мустақимро оид ба иҷрои қарорҳои судӣ пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин фаъолияти Дафтари иҷрои ҳатмӣ ва низоми иҷрои санадҳои судӣ ва дигар мақомот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон муаррифӣ карда шуд.

Ҳайати Тоҷикистон бо тағйирот ва ислоҳоти дар ин соҳа татбиқгардида шинос шуд.

Ташкили низоми ягонаи электронии ҳамгироии байниидоравӣ дар Дафтари иҷрои ҳатмӣ барои ситонидани қарзҳо аз рӯи санадҳои иҷроия, инчунин ҷорӣ кардани механизми татбиқ ва иҷораи дороиҳои давлатӣ тавассути савдои электронӣ ва дигар навовариҳо боиси таваҷҷуҳи махсус гардид.

Дар навбати худ, ба натиҷаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Аҳамияти амалии ҳамкории идораҳо зикр гардида, тадбирҳо оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи ёддошти тафоҳуми баимзорасида баррасӣ карда шуд.

Дар Академияи Прокуратураи генералӣ меҳмонон бо ислоҳоте, ки бо мақсади такмил додани низоми тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа гузаронида мешаванд, шинос шуданд. Таъкид карда шуд, ки робитаи мутақобилаи маориф, илм ва амалия, таъмини самаранокии фаъолият, ба таври густурда ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим ва мубодилаи фаъолонаи таҷриба бо шарикони хориҷӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардидаанд.

Ҳайати Тоҷикистон инчунин ба майдони тиҷорати электронии «E-IJRO AUKSION»-и назди Агентии идоракунии дороиҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи муосир яке аз вазифаҳои муҳими Дафтари иҷрои ҳатмӣ ба роҳ мондани ҳамгироӣ бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва таъмини риояи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи иҷрои қарорҳои судӣ мебошад.

Дар ин робита оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки дурнамодор ҷиҳати ба роҳ мондани робита бо мақомоти иҷрои ҳатмии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои махсуси байналмилалӣ, таҳияи механизмҳои самарабахши ҳамгироӣ оид ба масъалаҳои таъмини ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар масъалаи кофтукови қарздороне, ки муваққатан дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ қарор доранд, амволи онҳо ва манбаи даромади онҳо тавофуқ ҳосил шуд.

Декабрь 4, 2019 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»