Ҳукумати Япония дар Тоҷикистон 5 лоиҳаи нав амалӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 11.12.19. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 декабр дар Cафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии созишномаҳои муштараки панҷ лоиҳаи нав ба тасвиб расид. Маблағи умумии грантҳо 435 940 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти хабарнигори АМИТ «Ховар», созишномаҳоро Сафири Фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Миясита ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 5 шаҳру ноҳияҳо ба имзо расониданд.
Аз ҷумла, бо раиси ноҳияи Балҷувон Маърифат Зоирзода ба маблағи 89 150 доллари ИМА «Лоиҳаи сохтмони маркази бонувон дар ноҳияи Балҷувон», бо раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ба маблағи 90 900 доллари ИМА «Лоиҳаи барқарорсозии системаи хати гармидиҳии беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Конибодом», бо раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба маблағи 90 000 доллари ИМА «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббии рентгени рақамӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт», бо раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода ба маблағи 90 210 доллари ИМА «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳаи Сурхобчаи ҷамоати Исмоили Сомонӣ ноҳияи Деваштич» ба тасвиб расонида шуд.
Инчунин бо директори Беморхонаи марказии «Шифобахш» Хизматулло Шамсзода ба маблағи 75 680 доллари ИМА «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои касалиҳои чашми беморхонаи миллии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе» ба имзо расонида шуд.
Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Япония дар самтҳои мухталиф дар саросари мамлакат амалӣ гашта, махсус барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд.










Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст






