«Вестерн Юнион» ояндаи наздик ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст мешавад
ДУШАНБЕ, 09.12.2019./АМИТ «Ховар»/. Низоми пардохтии «Вестерн Юнион» дар ҳоли пайвастшавӣ ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо қарор дошта, рӯзҳои наздик тавассути он интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон имконпазир мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, айни замон низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба маркази мазкур пайваст шуда, интиқоли маблағ бемамониат анҷом пазируфта истодааст.
Гуфта мешавад, ки тавассути Маркази миллии протсессингӣ идораи амалиёти интиқолӣ ба маротиб осон гардида, барои иштирокчиёни амалиёти интиқоли маблағҳо ба манфиат аст. Он ҳамзамон хатари зарарбинии ташкилотҳои молиявиро ҳангоми муфлисшавии низомҳои интиқоли маблағҳо ба сифр баробар менамояд.
Бо назардошти омилҳои мусбати ин марказ ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳим аз ҷумла, истифодаи кортҳои пластикӣ дар амалигардонии интиқолҳои пулиро роҳандозӣ намуда истодаанд.
«Спитамен Бонк» яке аз аввалин ташкилоти молиявие мебошад, ки барои интиқолгирандагон кортҳои байналмилалии Корти Миллӣ/UnionPay- ро ба таври ройгон ба роҳ мондааст.
Ёдовар мешавем, шурӯъ аз 3 декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ гардида истодааст.








«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3396 сомонӣ муқаррар шудааст
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид






