«ЗЕБОСАНАМ-2019». Сабрина Зуҳуроваи соҳибҷамол азм дорад ба озмуни ҷаҳонӣ равад
ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сабрина Зуҳурова ба даври сеюми Озмуни миллии «Зебосанам-2019» роҳ ёфта, азм дорад дар озмуни ватанӣ ҷои аввалро ишғол намояд. «Ҳоло ба озмуни миллии «Зебосанам-2019» омодагӣ дида истодаам. Ба даври сеюм роҳхат гирифтам. Кӯшиш мекунам, ки дар даври ҷамъбастии озмун, ки моҳи марти соли 2020 баргузор мешавад, соҳиби «Тоҷи асосӣ» шавам. Пас аз он ман моҳи май ба озмуни ҷаҳонии зебоӣ меравам»,-гуфт Сабрина ЗУҲУРОВА зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИКОВА.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан навишта буд, Озмуни ҷумҳуриявии зебоӣ ва ҳунар «Зебосанам-2019» аз ҷониби ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда мешавад.
Мақсад аз гузаронидани озмун- эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.
Озмун аз рӯи шартҳои зерин ва риояи вақти муқарраргардида доир мегардад: муаррифии ҳусну зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ.
Бояд гуфт, ки Сабрина Зуҳурова Тоҷикистонро дар Озмуни зебоии “Miss Tourism World” , ки аз 20 август то 10 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, намояндагӣ кард. Зебосанами тоҷик чанд даврро гузашта, ба сафи “Панҷгонаи беҳтарин” шомил шуд. Дар ин давр доварон аз Сабрина хоҳиш кардаанд, ки дар саҳна бо “бикини” бирақсад, вале Сабрина рад карда, гуфтааст, ки барояш аз тоҷ дида, шарафу номус муҳимтар мебошад.
Мавсуф зикр кард, ки ният дорад соли 2020 дар як озмуни бонуфуз иштирок ва Тоҷикистонро муаррифӣ намояд. Ин зебосанами тоҷик мегӯяд, ки ҳоло вай намояндаи расмии озмунҳои зебоӣ дар Тоҷикистон буда, аз ин пас метавонад духтаронро ба давлатҳои хориҷӣ барои иштирок дар озмунҳои зебоӣ ҳидоят созад. Мавриди зикр аст, ки то ин вақт Сабрина дар чандин озмунҳои зебоӣ ширкат кардаву пирӯз шудааст. Умед аст, ки дар озмунҳои минбаъда низ ба Сабрина дар ин ҷода бахт ёр мегардад.











«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик






