Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаи мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ баррасӣ гардид

Декабрь 11, 2019 09:02

ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ — терроризм ва ифротгароӣ»-таҳти чунин унвон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид. 

Дар ҷамъомад муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Маҷидов ширкат варзида, дар мавзӯи мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ сухан карданд.

Зикр гардид, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд: «Экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад».

Зимни ҳамоиш инчунин оид ба сабабҳои шомилшавии шаҳрвандони ноогоҳи мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва пешгирӣ намудани пайравии ҷавонон аз чунин созмонҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.  Аз иштирокчиён, хусусан ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин роҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, бо рафтору кирдори худ намунаи ибрат бошанд.

Декабрь 11, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд