1471 ҷойи хатарнок барои зист муайян ва 331 нафар ба минтақаҳои бехатар кӯчонида шуданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 дастаҳои наҷотбахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 235 нафарро наҷот дода, ба зиёда аз 600 нафар осебдидаи офатҳои табиӣ кӯмак расониданд. Дар ин давра ҳамчунин кормандони Кумита ба 25 минтақаи аз офатҳои табиӣ зарардидаи ҷумҳурӣ маводи сохтмонӣ дастрас намуда, бо истифодаи таҷҳизоти махсуси фавқулода 1471 ҷойи хатарнок барои зистро муайян намуда, 331 нафарро ба ҷойҳои бехатар кӯчониданд.
Ин матлаб зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 баён гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати сардори Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода сурат гирифта, дар он мушовири калон, сардори шуъбаи дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Юсуфзода иштирок намуд.
Р.Назарзода зикр кард, ки соли 2019 ба Кумита муяссар гардид, ки сатҳи касбияти кормандонро баланд бардошта, бо муқтадир гардонидани нерӯи техникии он ба аҳолии зарардидаи ҷумҳурӣ сари вақт кӯмакҳои ҳамаҷониба расонанд.
Раиси Кумита ҳамчунин иброз дошт, ки соли 2019 дар натиҷаи ҳамкории байналмилалӣ дар заминаи созишномаҳои баимзорасида Кумита тавонист ба воҳидҳои наҷотдиҳӣ тақрибан 200 номгӯи таҷҳизоти гуногун ва махсуси техникиро интиқол диҳад. Ин таҷҳизоти махсуси техникӣ ба баланд гардидани сифати кори наҷотдиҳиҳандагон мусоидат намуд.
Сипас дар ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳо ва дигар сохторҳои тобеи Кумита дар бораи фаъолияташон дар соли сипаришуда шунида шуд, ки дар ин зимн дар баробари зикри дастовардҳо камбудиҳои ҷойдошта низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, фаъолияти Сарраёсати КҲФ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо, ки соли 2019 ба як зумра хатогиҳо роҳ доданд, мавриди танқид қарор гирифт.
Ю. Юсуфзода кормандони Кумитаро даъват намуд, ки дар оянда низ ҳамкориро бо дигар вазорату идораҳо тақвият бахшанд, зеро танҳо дар якҷоягӣ онҳо метавонанд ба натиҷаҳои боз ҳам баланди хизматӣ ноил гарданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин вазифаҳо барои соли 2020 муайян карда шуданд.
Дар охири ҷаласа дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии бештар ва таъмини фаъолияти самарабахши сардорони раёсатҳо, департаментҳо ва гурӯҳҳои КҲФ, ки дар шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷойгиранд, машғулиятҳо баргузор гардиданд.
Дар ҷараёни машғулиятҳо масъалаҳои ҳамкории шуъбаҳои наҷотдиҳӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ баррасӣ шуданд. Ба иштирокдорони машғулиятҳо маълумоти бештар дар бораи татбиқи босамари «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030» ва «Барномаи рушди КҲФ барои солҳои 2018 -2022» дода шуд.








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






