19 ЯНВАР – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ БАРФ Ё НАВЪҲОИ ЗИМИСТОНАИ ВАРЗИШ. Хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар ин рӯз ба саёҳати зимистона ба Сафед-Дара рафтанд
ДУШАНБЕ, 20.01.2020./АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2012 инҷониб ҳамасола дар моҳи январ яке аз якшанбеи он ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии барф (World Snow Day) ё Рӯзи умумиҷаҳонии навъҳои зимистонаи варзиш таҷлил мегардад. Имсол он ба рӯзи 19 январ рост омад. Хотиррасон мешавем, ки асосгузори ин сана Федератсияи байналмилалии варзиши лижаронӣ (FIS) ба шумор меравад. Мақсади он ҷалби бештари мардум, хусусан ҷавонон ба навъҳои зимистонаи варзиш ва тарзи ҳаёти солим маҳсуб меёбад. Дар ин рӯз дар бисёр аз давлатҳо «ҷашнвораҳои барфӣ» баргузор мешаванд, ки дар онҳо кӯдакон ва калонсолон дар мусобиқаҳои кӯҳӣ, лижаронӣ ё сноубординг ширкат меварзанд.
Хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар ин рӯз ба саёҳати зимистона ба Сафед-Дара рафтанд.
Вақте сухан атрофи намудҳои варзиши зимистона ва туризми зимистона дар Тоҷикистон меравад, нахуст Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» пеши назар ҷилвагар мешавад. Ин муҳобот не, воқеияти рӯз аст. Воқеияте, ки варзишгарон, сайёҳону меҳмонони ба «Сафед-Дара»-и хушманзара ташриф оварда, бо чашми сар дидаву бо самимият тасдиқ намудаанд.
Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» на танҳо аз нодиртарин мавзеъҳои табиии Тоҷикистон, балки яке аз машҳуртарин мавзеъҳои зебову муносиб барои машғул шудан ба навъҳои зимистонаи варзиш дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин маҷмаа дар қисмати ғарбии ноҳияи Варзоб ҷойгир аст.
Маҷмаа барои қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароити хуби замонавӣ фароҳам овардааст. Аксари хизматрасониҳо тариқи кортҳои электронӣ ба роҳ монда шудаанд. Мактаби варзишии зимистонаи маҷмаа барои омода кардани варзишгарон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолият менамояд.
Дар иншооти ин маҷмаа ташкили дурусти инфрасохтор, хизматрасонӣ ва шароити муносиб ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Феълан ин мавзеи нодири табиӣ на танҳо мавриди таваҷҷуҳи варзишгарони намудҳои зимистона, балки сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат гардидааст.
Толорҳои гуногунҳаҷми конфронсӣ имкон медиҳанд, ки вохӯриву тренингҳо бо сатҳу сифати хуб баргузор шаванд. Дар чойхонаи он хӯрокҳои миллӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар ин ҷо барои фароғат роҳи танобӣ, маконҳои лижаронӣ, сноуборд, конкитозӣ барои кӯдакону калонсолон ва дигар шароит фароҳам оварда шудаанд.
Ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҷмаа гӯшаҳои алоҳида ташкил шудаанд, ки дар онҳо намунаҳои маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик ба фурӯш гузошта шудаанд. Меҳмонону сайёҳон аз ин гӯшаҳо бо камоли майл туҳфаҳо ва армуғонҳо харидорӣ мекунанд.
ҶСП «Сафед-Дара» бо истифода аз техникаи махсуси роҳсозӣ соли 2019 дар масофаи 12 км роҳро аз нав барқарор намуд. Инчунин барои кашонидани сайёҳону меҳмонон аз ҷониби ҷамъият якчанд воситаҳои нақлиётии махсус низ ташкил карда шудаанд.
Бо мақсади рушду равнақ додани варзиши лижаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш аз ҷониби ҷамъият сохтмони мактаб иборат аз ду ошёна бо 60 ҷои нишаст бо тамоми шароити зарурӣ ба анҷом расид.
Меҳмонхонаи сеситорагии маҷмаа аз 54 утоқ иборат буда, дар як вақт метавонад 240 нафарро қабул намояд.
Дар маҷмааи лижаронӣ инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, айвони кушодаи барбекю, мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шуданд.
Ғайр аз ин, майдони кӯдаконаи маҷмаа бо таҷҳизоти махсус барои машқи онҳо муҷаҳҳаз гардидааст. Дар маҷмӯъ ин майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 га ҷойгир буда, дар як вақт метавонанд 1000 нафарро қабул намоянд.
Дар ин маҷмаа ду роҳи танобӣ (канатка) мавҷуд буда, масофаи 2000 метрро ташкил медиҳанд ва дорои 140 воситаи болобарандаи одамон (бугел) мебошанд. Ин роҳҳои танобӣ аз нав таъмиру таҷдид шудаанд.
Шаҳрвандони хориҷӣ таассуроташонро дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон иброз карда, гуфтанд, ки барои сафар ба диёри тоҷикон дӯстон ва наздиконашонро тавсия медиҳанд, то аз зебоиҳои ин табиати нотакрор бархӯрдор гарданд.
Фаҳим Саллоҳ, сайёҳ аз давлати Африқо мегӯяд, ки маротибаи 7-ум аст ба ин макони зебо ташриф меорад ва мафтуни ин мавзеи зебои сайёҳӣ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат дорои мавзеъҳои сайёҳие мебошад, ки таваҷҷуҳи ҳар як сайёҳи хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.
«Табиати афсонавии «Сафед-Дара» хеле ҷаззоб аст. Чунин барфи зиёдро бори аввал мебинам. Имрӯзҳо сайёҳон бештар ба ҷойҳое сафар менамоянд, ки дорои табиати беназиранд ва «Сафед-Дара» намунае аз чунин табиати нотакрори Осиёи Марказӣ ва минтақа мебошад»,-зикр кард сайёҳ аз Эрон Таня Рашипур.
Масъулини «Сафед-Дара» барои ҳарчи бештар ҷалб кардани мизоҷон, хусусан дӯстони хурдсоламон тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик боғи хурди ҳайвонотро мавриди истифода қарор диҳанд. Мавриди зикр аст, ки минтақаи Варзоб дорои олами набототу ҳайвоноти бой аст. Дар кӯҳу дараҳои он хирс, гург, қашқалдоқ, хуки ёбоӣ, оҳу, ҷайра, рӯбоҳ ва сағур зиёданд. Инчунин 46 намуди паранда, ба монанди уқоби морхӯр, каргас, булбул, соч, саъба ва ғайра мавҷуданд. Бо ташкил кардани боғи ҳайвонот имконият аст дар он ҳайвоноти нодире, ки дар иқлими сард зиндагӣ мекунанд, ба тамошои меҳмонону сайёҳон гузошта шаванд.
Ғайр аз ин дар ин мавзеъ барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон лагери тобистона низ ташкил карда шудааст. Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷриба, мураббиён ва роҳбаладон барои хизматрасонии сайёҳону меҳмонон фаъолият доранд. Ҳар сол аз моҳи июн то август лагери тобистона ташкил карда мешавад.
Соли гузашта дар мавсими тобистон бори аввал Фестивали байналмилалии параплана ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳои ИДМ иштирок доштанд. Роҳбарияти маҷмаа имсол низ нақша дорад, ки хизматросонии парапланро ба роҳ монад.
Тавре ҳуқуқшиноси ҶСП «Сафед-Дара» Умед Бобоҷонов иброз намуд, сол то сол шумораи мизоҷон меафзояд. Баҳри ҷалби бештари онҳо аз ҷониби масъулин мунтазам барномаҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар иқдомҳо роҳандозӣ мегарданд. Масалан, соли гузашта дар рӯзи Артиши миллӣ – 23 феврал ба нафароне, ки хизмати ҳарбиро ба итмом расонидаанд, 23% ва 8 март барои ҳама 50% тахфиф эълон карда шуд. Дар муқоиса ба соли гузашта дар нархномаи расмии хизматрасонии маҷмаа низ тағйироти рӯ ба афзоиш дида мешавад. Масъулин инро ба хароҷот ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ вобаста медонанд.
Тибқи нархномаи имсола ҳаққи хизматрасонӣ барои як шабонарӯз будубош дар меҳмонхона аз 800 то 2600 сомонӣ муайян гардидааст. Иҷораи лижаҳо 110 сомонӣ (барои кӯдакон 50 сомонӣ), мошини барфгардӣ (сноуборд) 90 сомонӣ (барои кӯдакон 30 сомонӣ), роҳи танобӣ 40 сомонӣ (барои кӯдакон 30), аспсаворӣ 20 сомонӣ аст. Иҷораи либоси махсуси варзишӣ 120 сомонӣ ва либоси махсуси варзишӣ бо лижаҳо — 200 сомонӣ мебошад. Иҷораи чана 35 сомонӣ арзиш дорад.
Дар маҷмаа нархи ҳуҷраи дунафараи меҳмонхона 800 сомонӣ, ҳуҷраи чорнафара 1300 сомонӣ ва ҳуҷраи оилавӣ барои ҳашт нафар 2600 сомониро ташкил медиҳад. Ҳарчанд ин нархномаҳо барои на ҳама дастрас бошанд ҳам, вале ба нақли сайёҳони хориҷӣ, чунин нархнома нисбат ба дигар давлатҳо арзон аст. Ба гуфтаи сокинони деҳаи Роғи ноҳияи Варзоб, чандин маротиба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ барои шабро рӯз кардан ба маблағи арзонтар ба онҳо муроҷиат карданд ва аз меҳмоннавозии маҳаллӣ розӣ ҳам буданд. Дар сурати ривоҷ додани чунин хизматрасонӣ аз тарафи сокинони деҳаҳои назди маҷмаа (таҷҳизонидани утоқҳои алоҳидаашон ба сифати меҳмонхонаи хурд), онҳо метавонанд ба иқтисодиёти оилаашон фоида оранд. Аз тарафи дигар, берун аз маҷмаа ҳам бошад, сокинони маҳаллӣ метавонанд барои худашон шуғле пайдо кунанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад¸ ки чунин тарзи хизматрасонӣ барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиби диққат буда, барои сокинони маҳаллӣ манбаи иловагии даромад ва ҷойи кор аст.
Яке аз намудҳои маъмули варзиши зимистона, ки байни сайёҳон маҳбубият дорад, лижатозӣ мебошад. Махсусан, сайёҳони Аврупо ба ин навъи варзиш мароқи беандоза доранд. Дар Тоҷикистон танҳо пойгоҳи лижаронии «Сафед-Дара» ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалист. Баргузор намудани мусобиқаҳои байналмилалӣ дар ин мавзеъ барои муаррифӣ кардани он хеле манфиатовар аст. Масалан, шаҳри Саппорои Япония чандин маротиба мизбони бозиҳои зимистонаи осиёӣ шуда, дар муаррифии он саҳми калон гузоштааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва табиати нотакрори хеш дорои захираҳои васеи сайёҳии дараҷаи байналмилалӣ мебошад. Бо муаррифии бештари имкониятҳоямон мо метавонем дар рушду равнақи ин соҳа саҳмгузор бошем. Таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва суннатӣ, эҳёи таъриху фарҳанги ғанӣ, инчунин табиати нотакрори Тоҷикистон асоси манбаи ҷалби сайёҳӣ ва гардишгарии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Мавҷуда АНВАРӢ,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»