52 ДАВЛАТ, 115 ҲАЗОР КИЛОМЕТР РОҲ. Сайёҳ ва байкери тоҷик Фарҳод Калонов Парчами Тоҷикистонро дар ақсои олам парафшон намуд!
ДУШАНБЕ, 05.01.2020. /АМИТ Ховар /. Сайёҳ ва байкери маъруфи тоҷик Фарҳод Калонов 31 декабри соли гузашта дар арафаи соли нави 2020 пас аз сафари тӯлонияш дар ақсои олам таҳти шиори-«Мо, тоҷикон-5. Беинтиҳоӣ ҳадд нест» ба ватанаш – Тоҷикистон бозгашт. Сайёҳи тоҷик зарфи як солу ҳафт моҳ дар роҳ буда, дар ин муддат вай 115 000 км роҳро тавассути автомобил тай намуда, аз 52 давлати ҷаҳон боздид намудааст, менависанд хабарнигорони АМИТ «Ховар» Елена БАТЕНКОВА ва Марзия САИДЗОДА.
Сафари дар паҳнои ҷаҳон анҷомдодаи сайёҳи тоҷик Фарҳод Калонов таҳти шиори «Мо тоҷикон-5. Беинтиҳоӣ ҳадд нест» бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои рушди сайёҳӣ ва кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати мобилии Россия «Мегафон» сурат гирифтааст.
Шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо, Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ — ин рӯйхати нопурраи давлатҳоест, ки ҳамватани мо аз онҳо боздид намудааст. Вай дар ин давлатҳо дар бораи Тоҷикистон ва мардуми он, таърихи халқи тоҷик, фарҳанги мо суҳбат карда, инчунин бахши сайёҳии Тоҷикистон, хусусан мавзеъҳои диданбоби онро тарғиб намудааст. Ҳадафи асосии сафар ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ба гуфтаи Фарҳод- ин дастгирии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
***
Ба куҷо рафт, чиро дид?
АВРУПО. Нахустин тоҷикистонӣ, ки ба сайри ҷаҳон баромадааст, зодрӯзашро дар Париж ҷашн гирифт. Оре, дар болои манораи Эйфел!
Дар пойтахти Франсия ӯ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Ҷамолиддин Убайдулло вохӯрд. Дипломати тоҷик Фарҳод Калоновро, ки тасмим дошт дар саросари ҷаҳон бо парчами давлати Тоҷикистон ба роҳ барояд, табрик намуд.
«Ҳазор иблис! Ӯ вуҷуд дошт! Шевале Шарл Оже де Батс де Кастелмор, ашрофзода д’Артанян, Паёмбари худи Мазарини ва мушкетёр Людовики IV …
Ҷое, ки дар он қаҳрамонҳои романҳои саёҳатии машҳури гасконтӣ дар ҷаҳон пинҳон шудааст!
«Эҳееееей Каналя!» «Ҳазор дев!!!», фарёд мезад ӯ вақте ки мошинро бо парчам ва рақами Тоҷикистон дар деҳаи худ медид!»,- навиштааст Фарҳод дар саҳифаи худ дар Facebook дар вақти дар Франсия буданаш.
«Дартанян дар ҳақиқат вуҷуд дошт! Ин орзӯи хаёлоти нависандаи фаронсавӣ Александр Дюма нест …
Вай қаҳрамони замони худ буд, ки мехост ба мансаби баланди низомӣ ноил гардад …
Албатта, бисёре аз саргузаштҳои ӯ-ин танҳо эҷодиёти нависандаи бузурги фаронсавӣ мебошанд, аммо дар қалб ва ниҳоди ман ӯ то абад ҷавон боқӣ мемонад, каме бепарво, аммо ҳамеша гасконси хушбахт, ки аз пешниҳоди Михаил Боярский дар ҷавонии ман нишонаҳои дурахшон гузоштааст.
Пас аз ин ибораҳо, Фарҳод ба сайёҳ Виктор Назаров «барои кумак ҷиҳати пайдо кардани ҷойҳои зебои Аврупо сидқан миннатдорӣ изҳор мекунад» …
***
Ҳатсайри навбатӣ — Гамбург, аз ин ҷо вай мошинро бо киштӣ тавассути уқёнус ба Амрикои Ҷанубӣ мефиристад.
АФРИҚО. Фарҳод Калонов менависад-нақл мекунад:
«Шумо аз куҷоед? Кадом кишвар? Кадом-кадом?»
Одамон бо тааҷҷуб ба ман ва ба ҳамдигар нигоҳ мекаранд … «Мо ҳатто намедонем он куҷост!» — бо ин суханон маро кормандони консулгарӣ дар марзи Ҷумҳурии Халқии Демократии Тоголес пешвоз гирифтанд.
Чунин ҳолат қариб дар тамоми сарҳадҳои давлатҳои Африқо мушоҳида мегардид. Дар ин ҷо, дар Африқо одамон нисбат ба Осиёи Марказӣ ҳеҷ робита ва тасаввуроте надоранд ва онҳо ҳатто мавҷудияти бисёр кишварҳоро намедонанд.
Пас аз гардиши тӯлонии шиносномаи ман ва муддати зиёд, ки бо забони худ муҳокима намуданд, онҳо ба хулосае наомаданд, то раводидро дар сарҳад ба ман пешниҳод кунанд, гарчанде, ки ба тамоми сайёҳон барои гирифтани раводиди маҳаллӣ 15 дақиқа вақт лозим аст …
«Мо бояд занг занем!»,-гуфт як корманди консулӣ.
-Ба куҷо?
-Ба Вазорати корҳои хориҷӣ …
-Чаро?
-Нахустин бор аст, ки мо шаҳрванд ва шиносномаи Тоҷикистонро мебинем. Ва мо намедонем, ки чӣ кор кунем …
-Хуб, занг занед, ман аллакай бо чунин ҳолатҳо дар сарҳад одат кардаам…
Пас аз ним соат онҳо табассум карданд ва раводидро ба шиносномаам, ки даҳҳо сарҳадро убур намуда ва аз раводиду мӯҳр вазнин гардида буд, гузошта, ба ман пешниҳод карданд.
-«Мо номи давлати шуморо ба таври дастӣ ба рӯйхати мамлакатҳое, ки раводид мегиранд, менависем, шояд дар оянда боз ягон тоҷик барои гирифтани раводид ояд….- табассум карда, мегӯяд консул».
***
Танҳо вақте ки ман ба Малӣ рафтам, эҳсос кардам, ки ман дар Африқо ҳастам. Мавритания, дар навбати худ, бо Малӣ ҳамсарҳад аст, аммо дар асл он аз Марокаш, ки мо онро дар телевизор ва аксҳо дида будем, хеле дур аст.
Ва танҳо дар ин ҷо, дар Малӣ, ман фаҳмидам, ки ин ҷо Африқо аст. Ин ҷо вай воқеист …
Ана инҳо одамон. Ана ин табиат. Ин ҷо забони вижа ва зебост. Инҳоянд урфу одатҳои қадимӣ, хӯроки аҷиб, сурудҳои табиӣ, рақсҳои ҳайвонот ва таронаҳои девона …
Дар ҳар дақиқаи истироҳатам ман нафаси Африқоро эҳсос мекунам…
… Гарчанде ки ин на ҳамеша гуворост, ин воқеъият аст, каме ваҳшӣ ва муҳимтар аз ҳама – айни муддаост!
Бале, дар ин ҷо кишварҳо рушд мекунанд. Ояндаи зебои худро бунёд мекунанд. Ман як чизро аниқ медонам: он чизеро, ки ҳамаи мо пазмон шудем ва барои пешрафт саъй мекардем, дар ин ҷо, дар Африқо мардум сарбаландона бо ҳам эҳтиром мегузоранд ва ҳатто ҳамчун ҳамсояи хуб дар паҳлӯи ҳам бо қудрати асосии сайёра, бо модари бузург-табиат зиндагӣ мекунанд …
Ман сад бор ба худ савол додам, ки чаро ман дар ин ҷо ҳастам, зеро даҳҳо кишварҳо мавҷуданд, ки дар онҳо шабонгоҳ намеҳаросед, дар ҷойҳои таъйиншуда ва санҷидашуда меистед, ба ҷое, ки наметавонед, бояд наравед, ҳамеша ҳушёр бошед, мунтазири ҳила, хатар ва душворӣ, аммо бо баъзе сабабҳо ин ҷойҳо сайёҳонро ҷалб мекунанд ва акнун маро низ бо ҳаёт, зебоӣ ва неруи бузург.
***
Маҳз ба ин ҷо садҳо нафар сайёҳон барои дидан, шунидан ва эҳсоси садои табиати ваҳшӣ, ки қитъаи зебову диданибоб, аҷоибу нотакрор ва баъзан хатарнок аст, меоянд.
Мавритания дар қиёс бо Марокаши нуронӣ шадидтар аст.
Биёбони ин ҷо сахттар аст, иқтисодиёташ хуб нест, доимо шамоли сахт бо рег омехта гардида, на ба одамон ва на ба таҷҳизот раҳм надорад.
Танҳо дар ин ҷо ман эҳсос кардам, ки дар Африқо ҳастам.
Кишваре хеле омехта, дӯстони ман, ки қаблан дар ин ҷо буданд, нисбат ба он андешаҳои гуногун доранд.
Дар ҳар 5-10 км роҳ постгоҳҳои пулис мавҷуданд, ки шумо бояд пешакӣ варақаи махсуси «fish», ки онҳо талаб мекунанд, омода намоед. Баъди пости 30-юм шумо аз мавҷуд будани пости навбатӣ дар масофаи 2-3 км аз пости қаблӣ асабӣ мешавед.
Аз аввали сафари ман дар Африқо ин ҳолат тақрибан ба 60-70 «фиш» расид. Ин танҳо оғоз аст…
Дар ин ҷо қоидаҳои ҳаракати роҳ умуман вуҷуд надоранд. Кӣ аввалин шуда гардад, гардиш аз ӯст. Муҳим нест, ки ин давра ва гардиш аст ё чорроҳа бо чароғаки роҳ. Таваққуфгоҳ ҳам нест, дар ҳар куҷое, ки онҳо мехоҳанд, он ҷо автомобилро мегузоранд. Аз ин рӯ, дар ин кишвар мошинҳо хеле каманд. Ҳама каҷу зарбхӯрда мебошанд. Дар ҳар сари қадам мошинҳое, ки ба садама дучор шудааанд, ба назар мерасанд, ки дар атроф хобидаанд. Онҳоро мепартоянд, зеро ба чунин автомобилҳо касе ниёз надорад. Онҳоро биёбон мегирад.
Аммо одамон дар ин ҷо, сарфи назар аз зиндагии хеле мураккаб меҳрубону одианд. Онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки бо табассуми малеҳ бо забонҳои фаронсавӣ ё арабӣ салом бигӯянд.
Ҳамеша бо ягон мева ё як пораи нони одӣ меҳмондорӣ мекунанд.
Боз як намунаи дигари меҳрубонии самимӣ ва одӣ:
Ман дар як урдугоҳи истироҳатӣ бо як марди хеле хубу меҳрубон бо номи Хаж шинос шудам, ки баъдтар дар сафорати Сенегал ба ман дар мулоқот бо консул ба ҳайси тарҷумон ва пур кардани саволномаҳо низ кумак кард, зеро касе дар ин ҷо бо забони англисӣ ҳарф намезанад, забони муошират арабӣ ва фаронсавӣ аст. Дар охир ин мард –Хаж аз ман ҳатто маблағе барои манзили истиқоматӣ нагирифт, вақте ки ӯ дар бораи мақсади хайриявии сафар фаҳмид. Ана чунин одами одӣ ва хуб. Баъдтар ман фаҳмидам, ки ӯ ба бисёр сайёҳон дар ҳолатҳои вазнин дар шаҳри худ кумак кардааст.
Аз Мавритания бисёр таассуроти аҷоиб бардоштам.
… ва дар ин ҷо ӯ дар Душанбе аст!
«Ҳар қадаре, ки ман ба ватани худ наздиктар мешавам, вуҷуди маро эҳсосот фаро мегирад. Маро Ватанам, волидонам, оилаам, ки аз онҳо зарфи 580 рӯз дур будам, интизоранд. Пагоҳ ман ватанамро хоҳам дид, ин ба ман хеле наздик аст».
Ман расидам!!!
Ман ба ҳама чиз муваффақ гаштам !!!
Салом Ватан!!!
Салом шаҳри азизам Душанбе!!!
Ураваааа !!!
Фарҳод ҳини расидан ба марзи Ватан хоки сарзаминро бӯса намуда, гуфтааст, ки «аввалин масофаҳои наздик шудан ба хоки ватан аз сарҳади Қирғизистон ба мисли афсона ба назар мерасид. Эҳсосоте, ки гӯё ман аз ватанам ба ҳеҷ куҷо нарафтаам. Ҳама чиз ин қадар одӣ, шинос ва азиз аст.
Ман зимни сайри ҷаҳон ва аз як давлат ба кишвари дигар гузаштанам бо табиат, иқлим, шаҳрҳо ва миллатҳои гуногун, урфу одатҳои сокинони онҳо одат карда будам ва дунёи нав пеши назарам ҷилвагар буд. Дар ин ҷо — дар Ватан ҳама чиз хеле азиз ва шинос аст …
Ватан … ин қадар ин калима бузург аст … Борҳо ман тасаввур мекардам, ки чӣ гуна ба Ватани худ бармегардам, хешовандон ва дӯстонамро ба оғӯш мегирам…”,- навиштааст Фарҳод Калонов дар саҳифааш дар Facebook. Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин сафари Фарҳод Калонов дар саросари ҷаҳон аст, ҳарчанд ӯ беш аз 9 сол аст, ки тавассути мотосикл ба сайри ҷаҳон баромадааст. Қаблан вай тавассути мотосикл ба давлатҳои Аврупо ва Амрикои Марказӣ баромада, Норвегияро зеботарин давлат дар Аврупо ва Коста-Рикаро ҷолибтарин кишвар дар Амрикои Марказӣ арзёбӣ намуда буд. Баъди бозгашт ба ватан ӯ ба хабарнигорон гуфт ки «акнун ман аниқ медонам, ки Тоҷикистони азизамон биҳишти воқеӣ дар рӯи замин аст!»Ҳангоме, ки нахустин ҷаҳонгарди тоҷик Фарҳод Калонов ба сарзамини Тоҷикистон қадам гузошт, мошинашро манъ карда, дар байни роҳ зону зада, бо хушнудӣ ва бахти баланд заминро бӯсид, ки онро фаъолони Facebook акси сол номиданд.
Сайёҳат идома дорад …
Тавре дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» ҷаҳонгард гуфт, ӯ дар оянда ният дорад, ки қуллаи Элбрусро, ки қуллаи баландтарин дар Россия ва Аврупо маҳсуб ёфта, дар силсилаи каторкӯҳҳои Қафқоз ҷойгир аст ва ба рӯйхати баландтарин қуллаҳои ҷаҳон — «Ҳафт қулла» шомил гардидааст, фатҳ намояд.
«Бояд орзу кард, зеро орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд», — чунин мешуморад ӯ.
Тамоми аксҳо аз саҳифаи шахсии ҷаҳонгард дар шабакаи иҷтимоии Facebook гирифта шудаанд.