65 нафар зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуданд

Январь 13, 2020 13:34

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳо ба 65 нафар хатмкунандаи зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз ин муассисаи олии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар  чорабинӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Меҳрӣ Олимшоҳ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн, роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Майер, инчунин устодону кормандон ва хатмкунандагон иштирок намуданд.

Ректори Академия нахуст вобаста ба Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуда, зикр кард, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар ҷумурӣ 39 муассисаи таҳсилоти олӣ ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун машғуланд. Миёни онҳо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олиест, ки кадрҳои соҳаи хизмати давлатиро омода менамояд.

Хатмкунандаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ Фирдавс Иброҳимзода аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати  мамлакат нисбат ба насли ҷавон изҳори андеша намуда, иброз дошт:   «Мо ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созанда нишон диҳем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя  кунем ва  ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ба халқу Ватан хизмат намоем!».

Мавриди зикр аст, ки магистратураи хизматчиёни давлатӣ соли 2009  дар доираи Созишномаи дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ барои дастгирии хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шудааст, ки дар он маҳз хизматчиёни давлатӣ аз тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар давоми 10 соли фаъолият 680 нафар хизматчии давлатӣ дар зинаи магистратура таҳсил намуда, соҳиби дипломи магистрӣ гардиданд, ки аз инҳо 200 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар соли таҳсили 2019 65 нафар зинаи магистратураи идоракунии давлатии хизматчиёни давлатиро хатм намуданд, ки аз ин нишондод 18 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба хатмкунандагон дипломҳо супорида шуд.

Январь 13, 2020 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид