Бахшида ба 100-солагии агентии «Анадолу» логотип таҳия гардид

Январь 2, 2020 11:04

ДУШАНБЕ, 02.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Агентии иттилоотии Туркия «Анадолу» логотиперо, ки ба 100-солагии  таъсисёбии он бахшида шудааст, муаррифӣ намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии “Азертаҷ” хабар медиҳад, логотипи ҷашниро ситора ва ҳилол  аз рӯи парчами Туркия бо нишони эҳтиром ба солҳои аввали фаъолияти агентӣ оро  медиҳанд.

Агентии  «Анадолу»  6 апрели соли 1920 бо ташаббуси асосгузори ҷумҳурии Туркия  Мустафо Камол Отатурк бо мақсади огоҳ  сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯйдодҳои воқеӣ дар Анатолия таъсис ёфта буд. Агентӣ ин рисолати муҳимро муваффақона адо  намуда, ҳамзамон   иҷро карда истодааст,  гуфта мешавад дар хабар. Айни замон агентӣ дар саросари Туркия 14 шуъбаи минтақавӣ ва 30 идора дорад. Дар хориҷи кишвар агентӣ дорои 20 бунгоҳи матбуотӣ мебошад.

Раиси шӯрои директорон ва директори  генералии агентӣ Шенол Казанҷи хотирнишон сохт, ки рисолати фаъолияти солҳои аввали «Анадолу» мубориза бо иттилооти дурӯғангез ва ба роҳ мондани маҷрои ахбор дар шароити мураккаби муборизаи миллӣ –озодихоҳӣ буд.

То замони садсолагии таъсиси худ агентии «Анадолу» фаъолияташро ба сифати агентии бузурги иттилоотӣ идома медиҳад, зикр намуд  Казанҷи.

«Дар зарфи 100 соли фаъолият агентӣ аз бисёр ҷиҳат тағйир ёфт. Логотипи нави агентӣ-ин тағйирот ва суръати фаъолияти онро инъикос менамояд. Махсус ба ифтихори садсолагии агентӣ мо қарор додем, ки ба логотипи агентӣ рамзи ҳилол ва ситораро  ҳамчун ёдоварӣ аз таърихи пайдоиш ва комёбиҳои агентӣ зам намоем», — таъкид намуд ӯ.

Ба гуфти ӯ,  “АА”  дар соли ҷашнӣ ният дорад, ки  маҷмӯи лоиҳаҳоро амалӣ созад.

Маълумот дар бораи ин лоиҳаҳо дар сомонаи  100yil.aa.com.tr, ки  дар арафаи ҷашни садсолагӣ омода мегардад, ҷой дода мешавад.

Хотирнишон месозем, ки байни Агентии Миллии Иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии  Иттилоотии Ҷумҳурии Туркия  «Anadolu Ajansi»  лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, барои имзо омода гардидааст.

Январь 2, 2020 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид