Болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳон пас аз ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ

Январь 8, 2020 12:07

ДУШАНБЕ, 08.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Хабаргузории CNN аз болоравии якбораи қимати нафт, пас аз ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ хабар дод, менависад АМИТ «Ховар».

Қимати як бушка нафт аз $62.70 баъди тасдиқ гардидани хабари ҳамла аз чониби Пентагон, мақоми расмии Иёлоти Муттаҳида дар бегоҳии шоми сешанбе, якбора ба $65.48 ё муодили 4% боло рафт.
Гуфта мешавад, ин аз камтарин таъсир ба бозори иқтисод    пас аз шиддат гирифтани таниш байни ин  Амрикову Эрон аст, ки метавонад паёмадхои бадтар аз инро низ ба бор оварад

Хотиррасон мешавем, ки субҳи чоршанбе, 8-уми январи соли чори бештар аз даҳ мушак аз ҷониби неруҳои Ҷумхурии исломии Эрон ба самти пойгоҳҳои низомии Амрико, мустақар дар Ироқ шиллик гардид. Талафоти ҷонӣ ва тафсилоти бештар дар пайи ин ҳамалот ҳанӯз маълум нест.

Амрико то ин дам аз тасмимаш дар вокуниш ба посухи интиқомии Эрон иттилое пахш накардааст.

                                                                                                   АКС аз сомонаи ТВ «Звезда»

Январь 8, 2020 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид