БОЗ ДАР БОРАИ КОРОНАВИРУСИ ЧИНӢ : вазъ дар Тоҷикистон муътадил ва зери назорат аст, гуфтанд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат

Январь 22, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 22.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат хостааст, ки сафарҳои корӣ ва сайёҳии шаҳрвандони мамлакатро ба минтақаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин  маҳдуд намоянд. Тасмими мазкур дар ҳоле гирифта шудааст, ки тайи чанд рӯзи охир дар Ҷумҳурии Мардумии Чин каронавирус ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон сабаби марги инсонҳо гардидааст. Дар ин бора муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

Ба зикри номбурда, каронавирус бемории сироятӣ буда, шурӯъ аз моҳи декабри соли 2019 дар як қатор музофоти Чин, аз ҷумла  шаҳри Вуҳани вилояти Хубей ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, то 20 январи соли 2020 ҳамагӣ 218 ҳодисаи гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба чашм расидааст.

Бино ба иттилои  Мирҳамуддин Камолзода, бемории сироятии каронавирус аслан дар бадани ҳайвоноти хонагӣ, хусусан, паррандаҳо, чорвои калони шохдор  ва хук афзоиш ёфта, баъдан ба одам интиқол меёбад. Нишонаҳои асосии ин беморӣ, пеш аз ҳама, таби баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо ва дарди гулӯ мебошад. Инчунин  нишонаҳои дигари каронавирус осеб ёфтани роҳҳои нафас ва шушҳо мебошад, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин шуда, дар  сурати табобат нагирифтан ба фавт оварда мерасонад.  То кунун 38 намуди ин вирус  ба қайд гирифта шудааст. Аз  рӯи маълумоти эпидемиологӣ, каронавирус ба он хотир гуфта мешавад, ки ин беморӣ зери микроскоп  мисли офтоб мавҷҳо дошта, аз ин сабаб  он аз калимаи карона гирифта шудааст.

«Айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди  теплавизор  ва термасканерҳо насб шуда, ҳар як шаҳрванде, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мегардад,  тавассути онҳо гузаронида мешаванд. Бояд зикр намуд, ки ҳангоми дарёфти чунин беморон онҳо фавран дар ҳуҷраҳои махсусе, ки дар фурудгоҳҳо мавҷуданд, ҷойгир шуда, тавассути нақлиёти махсус ба шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ  интиқол меёбанд ва таҳти назорати табибон қарор дода мешаванд. Бояд ҳаминро зикр намуд, ки вазъи бемориҳои сироятӣ  дар Тоҷикистон муътадил ва нигаронкунанда намебошад»,- гуфт муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти оморӣ, бемории каронавирус солҳои пеш дар як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Кореяи ҷанубӣ, Таиланд ва Япония ба қайд гирифта шуда буд.  Инчунин солҳои 2014-2016 дар Арабистони Саудӣ низ як вируси ховари миёнагӣ ба қайд гирифта шуд, ки он  ба оилаи каронавирусҳо шомил буд. Он замон манбаи сирояти бемории мазкур шутур ба шумор мерафт.

Январь 22, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад