CNN: Низомиёни ИМА аз ҳамлаҳои Эрон зарар надидаанд

Январь 8, 2020 14:46

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 / АМИТ Ховар /. Низомиёни ИМА дар ҳамла ба пойгоҳи Айн ал-Асад зарар надидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости», ки бо такя ба гузориши CNN иттилоъ додааст, хабар медиҳад.

Инчунин бо истинод ба маълумоти мақомоти амниятии Ироқ, шабакаи телевизионӣ мавҷудияти шумораи номаълуми қурбониёни ироқиро тасдиқ кард.

Ҳамла ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ- Айн ал-Асад ва Эрбил шаби чоршанбе сурат гирифт. Сухангӯи президенти ИМА Доналд Трамп Стефани Гришэм гуфт, ки президент аз ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои ИМА дар Ироқ огоҳ буда, бо гурӯҳи мушовирони худ машварат мекунад.

Намояндаи Пентагон Ҷонатан Хоффман гуфт, ки зарба аз қаламрави Эрон зада шуд. Иттилоъ дода мешавад, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ масъулияти ҳамлаҳоро, ки дар пайи қасос барои куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ анҷом дода шуданд, бар дӯш гирифтааст.

Январь 8, 2020 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ироқ бар асари сӯхтор беш аз 100 нафар ҳалок шуданд
Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид