Дар Қасри Сафед қарордоди Конгрессро доир ба Эрон шарҳ доданд

Январь 10, 2020 10:34

ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Қарордоди Палатаи намояндагони Конгресс дар бораи маҳдуд намудани ҳуқуқи  президенти ИМА Доналд Трамп дар масъалаи истифодаи қувва бар зидди Эрон қобилияти муқовимат карданро ба «амалиёти террористӣ»  аз ҷониби Теҳрон заиф менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти шоми панҷшанбе интишорнамудаи муовини котиби матбуотии  Қасри Сафед  Хоган Гидли гуфта шудааст.

«Президент ҳуқуқ дорад ва уҳдадор аст, ки мамлакат ва шаҳрвандонро аз терроризм муҳофизат намояд. Ин амалест, ки ӯ идома медиҳад ва ҷаҳон амнтар мешавад, — омадааст дар матн. Қарордод ба он равона шудааст, ки қобилияти қувваҳои мусаллаҳи ИМА-ро дар бобати пешгирии фаъолияти террористии Эрон ва неруҳое, ки вайро дастгирӣ менамоянд,  заиф гардонад,  ин кӯшиши халал расондан ба президент дар мавриди ҳифзи кишвар ва манфиатҳои он дар минтақа аз хатарҳои мавҷуда мебошад. Чунин амали  Конгресс комилан хатост»

Дар Қасри Сафед ин санадро як «иқдоми навбатии сиёсӣ» номиданд. «Қарори президент оид ба задани зарба ба Қосим Сулаймонӣ дуруст буд ва бар уҳдадориҳои конститутсионии (ҳокими Қасри Сафед) ӯ ҳамчун сарфармондеҳ ва роҳбари шохаи иҷроияи ҳокимият, ҳамчунин бо иҷозатнома ба истифодаи  неру аз соли 2020 асос ёфтааст»,- гуфта шудааст дар матн.

Палатаи намояндагони Конгресс рӯзи панҷшанбе  қарордодеро, ки уҳдадориҳои Трампро дар масъалаи истифодаи қувваҳои мусаллаҳ бар зидди Эрон бе иҷозат аз ҷониби қонунбаророн маҳдуд месозад, маъқул шуморид. Ин ташаббусро 224 аъзои Конгресс дастгирӣ намуда, 194 қонунбарор зид баромаданд. Дар ин зимн санадро 3 нафар ҷумҳурихоҳон дастгирӣ намуданд ва 8 нафар демократ рад карданд.

Вазъият дар атрофи Эрон баъд аз зарбаи ИМА дар наздикии фурудгоҳи Бағдод шаби 3 январ, ки дар натиҷаи он сарфармондеҳи неруҳои таъйиноти махсуси «Ал-Қудс»- Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон (қисмҳои баргузидаи Қувваҳои ҳарбии Эрон) генерал Қосим Сулаймонӣ  ҳалок гардид, якбора тезу тунд гашт. Дар  ҷавоб Теҳрон шаби 8 январ ба 2 иншоот дар Ироқ, ки ҳарбиёни амрикоӣ аз онҳо истифода мебурданд — пойгоҳи Айн-ал-Асад ва фурудгоҳи шаҳри Эрбил зарба зад.

ДАР АКС: котиби матбуотии Қасри Сафед Хоган Гидли. Акс аз Georgian journal 

 

Январь 10, 2020 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид