Дар Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 17.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва намоиши идона таҷлил мегардад.
Тавре масъули Вазорати кишоварзии мамлакат Ёқубҷон Уроқов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиши идона ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳои баландсифат, инчунин дигар суннатҳое, ки ҷашни Садаро ифода мекунанд, ба маъраз гузошта мешаванд.
Инчунин дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат нуқтаҳои муайянгардидаи намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва тухмиҳои баландсифати дорои сертификат пешниҳод мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар замони истиқлолият иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ дар соли 2019 иброз доштанд, ки: «Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадимӣ бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст».
Акс аз бойгонӣ








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид






