Дар Хатлон сатҳи таваллуд афзоиш ёфтааст

Январь 30, 2020 10:09

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон сатҳи таваллуди кӯдакон  зиёд гаштааст. Дар муддати як сол 94 111 нафар кӯдаки тавлидёфта ба  қайд гирифта шудаанд, ки ин дар қиёс бо соли гузашта 1345  нафар зиёдтар аст. Дар ин бора директори САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зинат Сафарзода  иттилоъ дод.  

Солҳои охир бақайдгирии  тифлони навзод  дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ хеле беҳтар гаштааст. «Кор дар байни мардум натиҷаҳои хуб ба бор меорад. Имрӯзҳо бештари волидайн кӯшиш мекунанд, ки баъди  тавлиди тифл ҳарчи зудтар соҳиби шаҳодатномаи таваллуд бигарданд. Амалан дар тамоми шуъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо кор дар ин самт хуб  ташкил ёфта, барои волидайн  дар гирифтани ҳуҷҷатҳо  ҳеҷ гуна монеа  мавҷуд нест»,- гуфт ӯ.

Ба қавли  мавсуф, волидайн баъди тавлиди тифл бояд  ояндаи наздик  шаҳодатномаи таваллуд гиранд.  Ин на танҳо барои волидайн, балки барои  муайян намудани маълумоти оморӣ оид ба сатҳи тавлид дар минтақа  зарур аст.  Ҳолатҳое низ мешаванд, ки  баъзе  падару модари бемасъулият  барои гирифтани ҳуҷҷатҳои кӯдак хеле дер муроҷиат мекунанд, масалан пас аз як сол, ки ин нодуруст мебошад.

Қобили зикр аст, ки  дар вилоят  бо мақсади фаро гирифтани кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ  ва миёна  тадбирҳо андешида мешаванд.  То соли 2021 дар ноҳияҳо ва шаҳрҳо сохтмони 510 муассисаи таълимӣ, 63 муассисаи томактабӣ, 156 таҳсилоти умумӣ,  169 бинои иловагӣ  дар назди муассисаҳои таълимӣ  ва дар 122 муассисаи таълимӣ  синфҳои иловагӣ  дар нақша аст.

Зимнан, тавре Зинат Сафарзода зикр намуд,  дар вилоят бақайдгирии издивоҷ кам гаштааст.  Соли 2019 29 ҳазору 778  издивоҷ  қайд шудааст, ки дар қиёс бо соли 2018   1505 кам  мебошад.

Январь 30, 2020 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд