Дар Маркази миллии тестӣ омӯзиши курсҳои шиносоии низоми ИМД барои соли 2020 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 22 январ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши курсҳои шиносоии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) бо иштироки намояндагони сарраёсати шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 тибқи банди 59-уми «Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ дар байни алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд.
Аз ин рӯ бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад.
Ҳайати корӣ барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ бо шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводи тақсимотии чопию электронӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва модули омӯзишии низоми ИМД таъмин мешаванд.
Ҳамчунин аз 30 январ то 1 феврал даври дуюми омӯзишӣ дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ идома ёфта, дар он 3642 нафар намояндагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маориф иштирок мекунанд. Даври сеюми курси шиносоӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 150 000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 3 феврал то 6 март тибқи Нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2020 вохӯриҳои кормандони Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модари онҳо доир мегарданд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






