Дар ноҳияи Ховалинг беморхонаи рақамӣ ба истифода дода шуд

Январь 2, 2020 16:15

ДУШАНБЕ, 02.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон беморхонаи рақамӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, беморхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фатҳулло Соҳибов бо истифода аз технологиҳои замонавию рақамӣ ва муосир сохта шуда, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки ба кори сохтмони беморхона 20 нафар сокини маҳаллӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин гардиданд.

«Дар сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии беморхонаи мазкур, ки аз ду ошёна ва 27 кати хоб иборат аст, соҳибкор зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ кардааст»,-омадааст дар иттилоияе, ки имрӯз дар сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нашр шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус медиҳад.

«… тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва мавриди истифода қарор додем. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти мамлакат ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст», — таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти расмӣ, соли 2019 дар мамлакат зиёда аз 150 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуда, то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони садҳо беморхонаву дармонгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

 

Январь 2, 2020 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад