Дар Суғд ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид

Январь 20, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ ба беш аз 50 нафар ғолибони озмунҳои вилоятии «Донишҷӯи сол-2019», «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят», «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019», «Китобхонаи намунавии вилоят дар соли 2019», «Мақолаи беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», «Оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғонии беҳтарин ба сайёҳон», «Суратгири беҳтарин» таҳти унвони «Акси зебои кишварам», «Таҳияи бизнес-нақшаҳои соҳибкорӣ» ва «Фестивали оши палов»  мукофотпулиҳо дар ҳаҷми умумии 137 800 сомонӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури ғолибони озмунҳои вилоятӣ таъкид кард, ки Ҳукумати мамлакат дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии дастовардҳои миллат ва давлат пайваста чораҷӯӣ мекунад.

Соли 2019 дар доираи  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯёну ҷавонон, муайян намудани беҳтаринҳо дар самти илмомўзӣ, китобхонӣ, ҳунармандӣ, зебоипарастӣ, худшиносию ватандӯстӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ дар вилоят озмунҳои «Донишҷӯи сол-2019», «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят», «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019», «Китобхонаи намунавии вилоят дар соли 2019», «Мақолаҳои беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», «Оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғонии беҳтарин ба сайёҳон», «Суратгири беҳтарин» таҳти унвони «Акси зебои кишварам», «Таҳияи бизнес-нақшаҳои соҳибкорӣ» ва «Фестивали оши палов» дар шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ  дар сатҳи баланд гузаронида шуданд. Дар онҳо ҳазорон нафар сокинону ҷавонони вилоят иштирок намуданд, ки аз ҳавасмандии зиёди иштирокчиён дар тарғиби ҳунару санъат, илму дониш ва дастовардҳои дар самтҳои мухталиф ноилшудаи онҳо дарак медиҳанд.

Ҳайати ҳакамон сатҳи дониш ва эъҷози ҳунари ҳамаи довталабонро тибқи муқаррароти низомномаи озмунҳо холисона баҳогузорӣ карда, беҳтаринҳоро ҳамчун ғолиби озмун муайян намуд.

«Таваҷҷуҳ ба илму адаб, маънавиёту фарҳанг, рушди илму ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои дақиқ, забономӯзӣ, китоб ва китобхонӣ, омӯзиш  ва аз худ намудани технологияҳои муосири замонавӣ ва ихтироъкорӣ дар байни насли ҷавон, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарбияи ватандӯстии насли ояндасоз нишони барҷастаи ғамхории давлат барои такмили тафаккури аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад», — иброз дошт Раиси вилоят.

Январь 20, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд