Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Тайланд иштирок менамояд

Январь 6, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Тайланд иштирок намуда, дар Даммом бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Кувайт бозиҳои рафиқона доир менамояд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси даниягӣ Деян Дедович дар Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки 2-8 феврали соли равон дар шаҳри Ҳат Йайи Тайланд баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар баробари дастаи Тоҷикистон боз 5 дастаи мунтахаби дигар иштирокчии мусобиқа буда, дар ду гурӯҳи седастаӣ бозӣ мекунанд.

Баъд аз анҷоми мусобиқа дастаи футзали Тоҷикистон ба шаҳри Даммоми Саудӣ сафар намуда, бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (12 феврал) ва Кувайт (13 феврал) ду бозии санҷишӣ доир менамояд.

16-умин Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 26 феврал то 8 марти соли 2020 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон сурат мегирад. Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон қувваозмоӣ мекунад. Тибқи  натиҷаи мусобиқа, панҷ дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон, ки аз 12 сентябр то 4 октябр дар Литва доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Январь 6, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид