Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ба финали «Ҷоми рушд-2020» баромад
ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ниҳоии бозиҳои гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020», ки дар Мински Беларус ҷараён дорад, бар дастаи Гурҷистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, ба финал баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ бо дастаи Гурҷистон голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ дар дақиқаи 36 ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 77 ба нишон расониданд.
Дар финал дастаи наврасони Тоҷикистон бо дастаи мизбон- Беларус рақобат мекунад. Ин дидор 25 январ, соати 18:45 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар даври аввал бар дастаи Исландия пирӯз шуда (2:1), дар даври дуюм аз дастаи Исроил шикаст (0:4) хӯрда буданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи Исландия бар Исроил бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «В» Тоҷикистон бо 6 хол ҷои аввалро ишғол кард. Исландия ва Гурҷистон бо 4-холӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм, Исландия бо се хол дар зинаи чорум мавқеъ гирифтанд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020»
Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
Исландия (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 27 (0:1). Даниэл Деян Ҷурич, 50 – аз пеналтӣ (1:1). Сунатулло Азизов, 75 (1:2).
Исроил (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:1
Даври 2-юм
Исроил (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 4:0
Гурҷистон (U-17) – Исландия (U-17) – 1:0
Даври 3-юм
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Гурҷистон (U-17) – 2:1
Голҳо: Торнике Дундлия, 13 (0:1), Алиҷони Айнӣ, 36 (1:1), Суннатулло Азизов, 77 (2:1).
Исландия (U-17) – Исроил (U-17) – 2:0
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
Белгия (U-17) – Финландия (U-17) – 2:1
Беларус (U-17) – Ӯзбекистон (U-16) – 4:1
Даври 2-юм
Белгия (U-17) – Ӯзбекистон (U-16) – 2:1
Финландия (U-17) – Беларус (U-17) – 1:2
Бозиҳои минбаъда
Даври 3-юм
23 январ (панҷшанбе)
18:20 – Ӯзбекистон – Финландия — 1:2
20:30 – Беларус – Белгия — 1:1
25 январ (шанбе)
Бозӣ барои ҷои 7-ум
12:00 – Ӯзбекистон – Исландия
Бозӣ барои ҷои 5-ум
14:15 – Финландия – Гурҷистон
Бозӣ барои ҷои 3-юм
16:30 – Белгия – Исроил
Финал
18:45 – Беларус – ТОҶИКИСТОН (U-16)








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






