Директори Агентии обуҳавошиносӣ: Аз 366 пешгӯии вазъи обу ҳаво ва офатҳои табиӣ 87 фоизи он дуруст мебарояд
ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМТ «Ховар»/. Аз 366 пешгӯии вазъи обу ҳаво ва офатҳои табиӣ дар як сол 87 фоизи он дуруст мебарояд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Расулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки моҳи феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёри муқаррарӣ сербориш ва гарм пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи Ҳ. Расулзода, моҳи феврал дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво 2+4 дараҷа баланд шуда, ин рақам дар вилояти Суғд 1+3 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1+2 дараҷаро ташкил медиҳад.
«Имрӯз Агентии обуҳавошиносӣ бо марказҳои ҳавосанҷии Федератсияи Россия, Америка ва Германия ҳамкории зич ба роҳ монда, усулҳои ҳавошиносии онҳоро тибқи коркарди илмии мутахассисон дар соҳаи худ истифода мебарад»,- гуфт номбурда.








Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд






