Директори яке аз муассисаҳои пешқадами таълимии пойтахт ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ шуд.
Дар кори конфренсия муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии №2 Комилҷон Шарипов ва вакилони Конференсия иштирок намуданд.
Мутобиқи рўзномаи кори конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар Конференсия роҳбари яке аз муассисаҳои пешқадами таълимии пойтахт — директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Душанбе Парвина Меликова аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.
Ҳамзамон роҷеъ ба Барномаи ҲХДТ, нақшу саҳми ҳизби бонуфузи мамлакат дар пойдории сулҳу суботи сиёсӣ, рушду пешрафти мамлакат ва ҳадафи Барномаи навбатии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, ки ба нафъи Тоҷикистони маҳбуб ва некуаҳволии мардуми мамлакат нигаронида шудааст, ибрози андеша карда шуд.









Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






