Директори яке аз муассисаҳои пешқадами таълимии пойтахт ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ шуд

Январь 8, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ шуд.

Дар кори конфренсия муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода,  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии №2 Комилҷон Шарипов ва  вакилони Конференсия иштирок намуданд.

Мутобиқи рўзномаи кори конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Конференсия  роҳбари яке аз муассисаҳои пешқадами  таълимии пойтахт — директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Душанбе Парвина Меликова аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.

Ҳамзамон роҷеъ ба Барномаи ҲХДТ, нақшу саҳми ҳизби бонуфузи мамлакат дар пойдории сулҳу суботи сиёсӣ, рушду пешрафти мамлакат ва ҳадафи Барномаи навбатии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, ки ба нафъи Тоҷикистони маҳбуб ва некуаҳволии мардуми мамлакат нигаронида шудааст, ибрози андеша карда шуд.

ДАР АКС: Парвина Меликова дар байн. Аз рост – Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ.

Январь 8, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд