ЭҲТИЁТ, КОРОНАВИРУС! Дар Чин даҳҳо нафар аз он сироят ёфта, чанд нафар ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ибтидои ҳафтаи соли равон мақомоти Чин аз пайдоиш ва паҳн шудани як вируси нав ва ношинохта ба шаҳрҳои гуногуни он хабар доданд. Алҳол шумораи онҳое, ки аз ин вирус ҳалок шудаанд, ба чор нафар мерасанд ва чанд нафари дигар аз он сироят ёфтаанд. Бо дарназардошти он ки дар чанд рӯзи ахир сару садоҳо роҷеъ ба вируси чинӣ зиёд шудааст, Мирҳомуддин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ дар шарҳи ин вирус гуфт, ки ин вазорат тамоми чораҳоро барои пешгирӣ аз ин беморӣ амалӣ мекунад.
Коронавирус
Тайи моҳҳои охир, хусусан шуруъ аз моҳи декабри соли 2019 дар як қатор музофотҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин вазъи эпидемиологии бемории сироятии коронавирус номуътадил гардид. Тибқи маълумоти оморӣ ин беморӣ дар солҳои пеш низ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Тайи чанд соли охир бақайдгирии ин вирус дида намешуд ва шуруъ аз моҳи декабри соли 2019 вируси мазкур дар музофоти Хубэи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз нав ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ то санаи 20 январи соли 2020 ҳамагӣ 218 ҳодисаи ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Аввалин манбаъ ва ё хуруҷи Коронавирус
Аввалин манбаъ ва ё хуруҷи вируси мазкур шаҳри Ухани музофоти Хубэи Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Баъдан ин беморӣ ба шаҳрҳои Пекин, Шанхай ва дигар минтақаҳои ин мамлакат паҳн гардид. Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ имрӯз каронавирус дар Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Тайланд низ ба қайд гирифта шудааст. Коронавирус чанд намуд мешавад. То кунун 8 намуди ин вирус ошкор гардидааст. Тибқи маълумоти эпидемиологӣ каронавирус ба он хотир гуфта мешавад, ки ӯ зери микроскоп мисли офтоб аст, яъне мавҷҳо дорад, ки ба ҳамин хотир аз калимаи «корона» гирифта шудааст.
Манбаъҳои сирояти вирус
Аслан манбаи сирояти ин вирус ҳайвонот ва парандаҳои хонагӣ мебошад. Пӯшида нест, ки аксар шаҳрвандони кишварҳои Осиё, хусусан Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон ва Тайланд як шуғли дӯстдошта доранд, ки ин ҳам бошад машғул шудан бо парандаҳо ва дигар ҳайвонҳои хонагӣ мебошад. Манбаи вируси каронавирус низ маҳз ҳамин парандаҳо ва дигар ҳайвоноти хонагӣ ҳастанд. Вируси мазкур аслан дар организми ҳайвонҳои хонагӣ, хусусан паранда ва ё чорвои калони шохдор ё ин ки хук афзоиш ёфта, баъдан ба инсон мегузарад.
Нишонаҳои беморӣ
Нишонаҳои асосии ин беморӣ, баъзан ҳарорати баланд, дарди сар, мушакҳо, пайвандҳо ва дарди гулӯ мебошанд, ки дар натиҷа роҳҳои нафас ва шуш осеб ёфта, дар муҳлати кутоҳ ҳолати бемор метавонад вазнин гардад. То кунун бар зиди каронавирус ягон ваксинае ихтироъ нагардидааст.
Муоинаи ҳатмии тиббӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсарҳад мебошад ва тавассути роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ аз ин кишвар асосан молҳои ниёзи мардум ба мамлакати мо интиқол дода мешаванд. Ғайр аз ин дар як ҳафта аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҷумҳурии мо 4 маротиба шаҳрвандон тавассути ҳавопаймо рафтуомад мекунанд. Аз ин рӯ тибқи Конвенсияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, яъне қойидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шомили ин Конвенсия мебошад, дар гузаргоҳҳои ҷумҳурӣ имрӯз нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ мавҷуданд, ки бевосита онҳо зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат мебошанд ва дар ин нуқтаҳо тибқи Фармоиши вазири тандурустӣ ва пешниҳодот ва Амрномаи сардухтури давлатию санитарии эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолатҳо, вақте ки аз ҷониби Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бонги хатар зада мешавад, ин нуқтаҳо фаъолияти худро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мемонанд ва дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таҷҳизотҳои зарурӣ, аз қабилӣ тепловизор ва термосиканерҳо насб карда шудаанд, ки ҳар як шаҳрванд ва ё муҳоҷире, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мегарданд, аз ин дастгоҳҳо мегузаранд. Дар мавриди гумонбар ба бемории сироятӣ ин шаҳрвандон дар ҳуҷраҳои махсус, ки дар фурудгоҳҳо сохта шудаанд, нигоҳ ва баъдан тавассути нақлиёти махсус ба шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ интиқол меёбанд. Сипас аз ташхиси лабораторӣ гузашта, бо муоинаи табибон фаро гирифта мешаванд ва то ҳолати бемор муътадил гардидан, ё худ сиҳат шудан, таҳти назорат қарор дода мешавад. Имрӯз тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамоми сохторҳо вазифадор гардидаанд, ки ҳар он шаҳрванде, ки вориди ҷумҳурии мо мешавад, аз муоинаи тиббӣ ҳатман гузаранд ва дар мавриди зарурӣ нисбат ба онҳо чораҳои иловагӣ андешида мешаванд. Ҳамчунин, дар ин раванд озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ, аз қабили Озмоишгоҳи вирусологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Озмоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор гардидаанд, ки бо мақсади муайян намудани ин гуна вирусҳо пайваста корбарӣ намоянд ва зимни дарёфти вирус аз гумонбарон ташхисҳои заруриро гирифта, мавриди таҳлил қарор диҳанд.
Маҳдудияти рафтуомад
Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба унвонии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол намудааст, ки то муътадил гардидани вазъият сафарҳои корӣ ва сайёҳони ҷумҳурии мо ба ин кишвар маҳдуд карда шавад. Дар ин раванд мо низ аз онҳо дархост кардем, то он нафароне, ки аз кишварҳои зикргардида ба ҷумҳурии мо ворид мешаванд, нишона, мавзеи буду бошашон ба мо ирсол карда шаванд, то ин ки ин нафарон як муҳлати муайян таҳти назорати табибон бошанд.
Тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ташхиси вирусҳо
Бемориҳои шадиди роҳҳои нафас наздики 90 фоизи ҷамъи бемориҳоро ташкил медиҳанд. Шуруъ аз моҳи октябр, ки мавсими сардӣ оғоз мешавад, бақайдгирии бемориҳои вирусӣ низ зиёд мегардад, ки аксарияти онҳо нишонҳои худро доранд, аз қабили ҳарорати баланд, дарди гулӯ, илтиҳоби шадиди роҳҳои болоии нафас, сулфаи хушк ва ё сулфаи намнок. Ба ин хотир аз ҷониби марказҳои тарзи ташаккули ҳаёти солим, табибони оилавӣ ва кормандони кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ҳамасола пеш аз оғози ин мавсим як пешниҳод ё худ дастураамал ба шаҳрвандони мамлакат, хусусан ба Муассисаҳои таҳсилотҳои ибтидоӣ, миёна ва олӣ ирсол карда мешавад, ки дар сурати гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ ҳатман ба духтурони ҷойи зисташон муроҷиат намоянд. Дар ин радиф ҳаминро метавон қайд намуд, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавсим дар 3 муассисаи профилактики шаҳри Душанбе дидбонии эпидемиологӣ, яъне корҳои иловагӣ ҷиҳати ташхиси вирусҳо ташкил карда шудааст.
Пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ
Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мунтазам аз ҷониби Озмоишгоҳи вирусологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз он бемороне, ки ба зуком монанд ҳастанд, намунаҳо гирифта шуда, мавриди таҳқиқ қарор ва намуди вирусе, ки дар мамлакат давр мезанад, ошкор карда мешавад. Тибқи таҳлилҳое, ки то имрӯз аз ҷониби ин Озмоишгоҳ гузаронида шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо вируси мавсимии намуди А ва Б дар гардиш ҳастанд, ки дар ҳолати муқаррарӣ ва зери назорати пизишкон қарор доранд.
Роҳҳои гузариши ин беморӣ
Роҳҳои гузариши ин беморӣ тавассути ҳавоӣ-қатрагӣ, яъне зимни атса, сулфа задан ва ё тамос гирифтан мебошад. Дар мавриди парандаҳо ва ҳайвонҳои хонагӣ бошад, ин вирус дар организми онҳо инкишоф ёфта, зимни нигоҳубин ва истифодаи маҳсулоти хоми онҳо шахс метавонад ба ин вирус гирифтор шавад. Ҳангоми атса ва ё сулфа задан бемор метавонад вирусро ба муҳити атроф паҳн намояд ва шахси солим дар мавриди риоя накардаи масофае, ки байни шахси бемор ва солим ба андозаи на кам аз як метр муайян гардидааст, метавонад аз ин вирус сироят ёбад. Вирусҳо ба муҳити атроф бениҳоят ҳассос мебошанд, яъне зимни таъсири шуъои офтоб ва ё ҳарорати гармӣ онҳо зуд маҳв мешаванд, вале дар сардӣ бошад, муддати якчанд соат дар муҳити атроф боқӣ мемонад, ки дар сурати риоя накардани гигенаи шахсӣ шахс метавонад ба он гирифтор шавад.
Эҳтиёт, шарти асосӣ
Албатта, дар мадди аввал пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ин аз худи шахс вобаста аст. Дар мавриди сар задани бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама худдорӣ намудан аз он мавзеъҳое, ки шаҳрвандон зиёд ҷамъ меоянд, хусусан раставу бозорҳо, зуд-зуд шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонидашуда, даст нарасонидан ба пардаҳои луобӣ, хусусан ба бинӣ, чашм ва даҳон, инчунин тез-тез шамол додани макони зист ва бо латаи тар тоза намудани чанги тирезаҳо, сайр кардан дар ҳавои кушод, илова ба ин истифодаи ҳарчи бештари меваҷот ва сабзавот, ки аз витаминҳо бой мебошанд ва қобилияти организмро зиёд ё худ имуннитети шахсро мустаҳкам мекунад.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»