Фароштурук — парандаи соли 2020. Ӯ дар ҳамшафати зич бо инсон зиста, аз мо хайрхоҳӣ меҷӯяд

Январь 9, 2020 11:58

ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Фароштурук парандаи соли 2020 эълон гардид. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамасола Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он ҳамчун парандаи сол интихоб менамоянд. Интихоб намудани фароштурук ҳамчун парандаи сол бесабаб нест. Зеро тайи солҳои охир саршумори фароштурук дар маҳалҳои аҳолинишин торафт коҳиш меёбад ва танҳо муносибати хайрхоҳонаи инсон метавонад дар ҳифзу нигаҳдории ин паранда нақши муҳим дошта бошад.

Фароштурук парандаи хурди тезпарвоз буда, болҳои тез ва думи дарози қайчимонанд дорад. Дарозии бадани ин паранда 14 – 19 см, паҳноии болҳояш то 30 сантиметрро ташкил дода, 17 -20 грамм вазн дорад. Вай ба оилаи фароштурукҳо ва қатори гунҷишкшаклон мансуб аст. Парандаи васеъ паҳншуда буда, ба ҷуз аз Австралия ва Антарктида дар ҳамаи қитъаҳои дигари кураи Замин вомехӯрад.

Ин паранда ба гурӯҳи парандагони кӯчанда мансуб буда, зимистонро дар Африка, Осиёи Ҷанубӣ ва Индонезия паси сар мекунад. Фароштурук ба Тоҷикистон аввали моҳи март парида меояд. Ин паранда ба муҳити зист мутобиқати зиёд дошта, аз қадимулайём дар маҳалҳои аҳолинишин зери бом, шифти биноҳои истиқоматӣ ва иншооти сохтмонӣ лона мегузорад.

Фароштурук бо номи парасту низ дар байни мардум маъмул аст. Ин паранда аз омад – омади баҳор мужда мерасонад ва дар байни мардум чун парандаи муқаддас маҳбубияти зиёд дорад. Вай дар ҳамшафати зич бо инсон зиста, аз ӯ хайрхоҳӣ меҷӯяд. Аз қадимулайём дар байни мардум ақидае ҳаст, ки дар хонае, ки фароштурук лона гузорад, меҳру муҳаббат, самимият ва хушбахтӣ пойдор аст.

Лонаи фароштурук нимкурамонанд буда, аз лундачаҳои лой дар девор ва шифти бино сохта мешавад. Дохили лона бо хас, шохчаи растаниҳо, пар ва мӯй пӯшонида  мешавад. Аввалҳои моҳи апрел фароштурук 4 – 5 тухм мегузорад. Ҷӯҷаҳо пас аз 12 – 13 шабонарӯз аз тухм мебароянд ва қариб 20 рӯз парвариш карда мешаванд. Фароштурук парандаи хеле фаъол ва серҳаракат буда, дар як рӯз то 300 маротиба чӯҷаҳоро хӯрок медиҳад.

Вақти зиёди худро фароштурукҳо дар парвоз гузаронида, дар замин кам менишинанд ва туъмаи худро ҳангоми парвоз дар ҳаво пайдо мекунанд. Суръати парвози он то 120 км дар як соатро ташкил медиҳад.

Фароштурукҳо хусусияти пешгӯӣ кардани вазъи обу ҳаворо доро мебошанд. Мушоҳида карда шудааст, ки агар фароштурук дар сатҳи замин паст парвоз кунад, борон меборад ва агар дар ҳаво баланд парвоз кунад, рӯз офтобӣ мешавад.

Фароштурук парандаи фоидарасон буда, асосан аз ҳашарот (магас, малах, шапалак, хомӯшак, гамбуск) ғизо мегирад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 шоҳин  парандаи сол интихоб гардида буд.

Январь 9, 2020 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст