Хадамоти иҷро аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт истифода мекунад

Январь 31, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 31.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо соли сипаригардида қариб 50 ҳазор  мавод ва арзу  муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ  вобаста ба масъалаҳои   таъмини иҷрои   санадҳои судӣ   ва сандаҳои дигари  мақомот   ворид гардидаанд.  Дар ин хусус  сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода  имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр кард, ки  дар самти иҷрои санадҳои  судӣ ва санадҳои дигар мақомот қариб  50 ҳазор ҳуҷҷати иҷро, аз ҷумла  38 ҳазору 538 адади он  аз мақомоти судӣ, беш аз 11 ҳазор адад аз дигар мақомот  ва ҳамзамон 45 навиштаҷоти нотариалӣ ворид гардида, дар асоси талаботи онҳо  истеҳсолоти иҷро  оғоз гардидааст. Гуфта шуд, ки  бо татбиқи чораҳои  маҷбурӣ  соли гузашта  иҷрои воқеии  беш аз 40 ҳазор ё 69 фоизи  ҳуҷҷатҳои иҷро таъмин  гардида, аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро тавассути андешидани тадбирҳои маҷбурӣ беш аз 32 миллион сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.

Бо дахли истифода ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами   кишварҳои хориҷӣ дар  самти истеҳсолоти иҷро Илёс Идрисзода афзуд, ки Хадамот  бо роҳбарияти  барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун  дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти  ҳамкории  байналмилалии  Олмон (GIZ) дар шаҳри  Душанбе  соли 2019 Созишномаи ҳамкориро ба имзо расонида, дар заминаи ин санад  Хадамоти иҷро бо  GIZ  ва ҷалби мушовирони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон  бо иштирокчиёни Хадамот  машғулиятҳои  омӯзишӣ  дар мавзӯи «Низоми истеҳсолоти иҷрои Тоҷикистон: воқеият, мушкилот ва дурнамо» мизи мудаввар баргузор кард. Ҳамзамон  соли гузашта кормандони Хадамоти иҷро  баҳри омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳамкасбони хориҷии худ  дар конфронсҳои илмию амалӣ, ки дар Россия ва Қирғизистон доир  гардид, ширкат намуданд, ки он барои  ба роҳ мондани  ҳамкории Хадамоти иҷро бо мақомоти иҷрои маҷбурии  давлатҳои иштироккунанда  шароити мусоид фароҳам овард.

Алҳол дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 нафар корманд фаъолият намуда, беш аз 65 фоизи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

 

Январь 31, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад