Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар паради ҳарбии Ғалаба дар Екатеринбург иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии чор давлат нахустин маротиба дар паради ҳарбӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар Екатеринбург баргузор мегардад, иштирок хоханд кард. Дар ин бора ба рӯзноманигорон фармондеҳи қӯшунҳои Округи марказии ҳарбӣ, генерал-полковник Александр Лапин хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Хусусияти паради ҳарбии соли 2020 он аст, ки дар он қисмҳои низомии чор кишвари хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург иштирок менамоянд. Дар назар аст, ки ба он хизматчиёни ҳарбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷалб карда шаванд», — гуфт Лапин.
Дар каламрави Округи марказии ҳарбӣ се паради ҳарбӣ — дар Екатеринбург, Новосибирск, Самара ва зиёда аз 70 паради тантанавӣ 9 май баргузор мегарданд.
Округи марказии ҳарбӣ дар қаламрави округи федералии Приволжйе, Урал, Сибир ва 29 субъекти Россия ҷойгир шудааст. Ба ҳайати округ аз рӯи сохтор якчанд объектҳои хориҷӣ дохил мешаванд – базаи ҳарбии 201 дар қаламрави Тоҷикистон, базаи ҳавоии Кант дар Қирғизистон, инчунин якчанд ҷузъу томҳо дар қаламрави Қазоқистон.
АКС: © Донат Сорокин/ТАСС








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






